29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барқияи изҳори тасаллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси

427
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти собиқ роҳбари давлати Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Хуснӣ Муборак боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Муҳаммад Хуснӣ Муборак, ба ҳайси ходими намоёни давлатӣ хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди Мисрро муайян намуда, ҳамчун сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибори зиёд дошт.

Мо талошҳои пайвастаи марҳумро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср қадрдонӣ менамоем ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорем.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва мардуми дӯсти Миср таъзияву тасаллии самимии ин ҷонибро иброз менамоям ва ба ҳамаи пайвандону наздикони ӯ сабри ҷамил хоҳонам.

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво