28 январ 2020, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид барқияи тасаллият ирсол намуданд

72
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли андӯҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ – Султони Умон Қобус бин Саид ал-Саидро дарёфт намудам.

Шодравон ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатӣ, яке аз маъруфтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд.

Марҳум дар маснади Султони Умон барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту, тараққии Умон хизматҳои бузурге анҷом дода, ислоҳотҳои зиёдеро ба роҳ монд.

Мо марҳумро ҳамчун сарваре, ки ҷиҳати густариш ва тақвияту тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон саҳм гузоштааст, дар хотир дорем.

Вобаста ба ин талафоти бузург, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми бародари Салтанати Умон баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам. Парвардигори бузург марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво