28 январ 2020, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶДММ “Пайванд” ва Муассисаи давлатии “Боғи миллӣ” дар шаҳри Душанбе шинос шуданд

14
8 январи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо фаъолияти коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд”, ки асосан ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғуланд, шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар масоҳати қариб 5 гектар, аз ҷумла дар 4 гармхона ва замини боқимонда беш аз 50 намуд қаламчаи ниҳол, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш меёбанд.

Дар ин ҷо 25 нафар мардон ва занони гулдаст ба парвариш ва нигоҳубини дарахтон машғуланд.

Бештар ин ҷоро дарахтони гелос, каштан, дуб, махония, пихта конкалор, кипарис, магнолияи баргрез ва 3 намуди дигари ин дарахт, секвоя, можевелник, туя, сосна, береза, клен, принус, амиландр, сирени ҳиндӣ, зелол, саликс хакуро, лекадамбр, османтус, тис, каталпа, абиесс нордман, воодбриҷ, тсерсис ва гулу буттаҳои ороишӣ хушу муаттар кардаанд.

Тавре мутахассисон иттилоъ доданд, иқлими кишвари мо субтропикӣ ва зудтағйирёбанда мебошад, аз ин рӯ дар заминҳои ин қитъа ниҳоли дарахтони гуногуни ба иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ аз Италия, Белгия ва Ҳолланд ворид карда мешаванд.

Дар гармхонаҳо коргарон ба парвариши қаламчаи ниҳолҳо ва гулҳои гуногун машғуланд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба мутахассисон барои рушди соҳа ва ҳамкорӣ бо аҳолӣ баҳри ободонии диёр дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Инчунин Президенти мамлакат ба масъулини соҳа супориш доданд, ки бо истифода аз заминаи мусоиди ин парваришгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани Муассисаи давлатии “Боғи парчами миллӣ”, “Боғи муҷассамаи нишони давлатӣ”, Муассисаи давлатии илмии марказии “Боғи Ирам”, Муассисаи давлатии “Боғи ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ”, боғҳои Хайём, Наврӯзгоҳ, Ҷавонон, Фирдавсӣ, кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо аз ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу ба саломатӣ фоидаовар истифода баранд.

Дар ҳамин ҷо мағозаи “Пайванд” фаъолият дорад, ки дар он намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузошта шудаанд.

Мағозаи зебову барҳавои фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди корҳои ободонию сабзазоркунӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” бунёд ёфта буд.

Ҳадаф аз ифтитоҳи мағоза фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад. Мутахассисон дар баробари фурӯши ниҳолҳо ва буттаҳои ороишӣ, инчунин имкон доранд барои парвариши ниҳолҳои ороишӣ ба мардум маслиҳатҳои муфид диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи “Куруши Кабир”-ро ифтитоҳ карданд.

Масоҳати боғи “Куруши Кабир” қариб 5 гектарро ташкил медиҳад ва нигоҳубини он ба уҳдаи коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” вогузор шудааст. Барои ободу зебо кардани ҳудуди боғ дар ин ҷо 550 ҳазор дона гули лола ва дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.

Дар рӯзи ба истифода додани боғ дар ин ҷо 5700 адад дарахтону буттаҳои ҳамешасабзи кипарис, магнолия, фотиния, самшит, пихта, туя ва ғайра, зиёда аз 40 намуд аз давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Италия, Испания, Франсия, Германия ва Ҳолланд ворид карда шуд.

Ҳамчунин 27 сентябри соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Рашт бо боғи интенсивии “Пайванд-Рашт”, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” ба хотири рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ бунёд гардида буд, шинос шуданд.

Боғи интенсивӣ дар масоҳати 6 гектар бунёд шуда, дар он навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбанд, ки ба содирот нигаронида шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” оид ба соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғот, ба маҳал мутобиқ кардани навъҳои беҳтарини мева, афзоиши содироти меваҳои хуштамъи Тоҷикистон ва дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати рушди боғу токпарварӣ андешаронӣ карда, маслиҳатҳои муфид доданд.

Ташкили боғҳои нав агар аз як ҷиҳат омили таъсиси ҷойҳои корию беҳдошти сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар истеҳсолу содироти меваҷоти гуногун ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат афзоиш меёбад.

Имрӯз ҳамчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд.

Масоҳати умумии заминҳои боғ наздики 95 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуд аст, ки нашъунамои хуб доранд. Аз дарахтони мевадиҳанда ҳосили аксари онҳо ба хориҷи кишвар содирот мегарданд. Дар масоҳати қариб 10 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешаванд.

Зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтони боғи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ва мутахассисони соҳаи боғдорӣ дастур доданд, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти мамлакат ба таври васеъ аз дарахтони дар ин боғ парваришшуда истифода баранд.

Дар Боғи миллӣ шумораи дарахтони мевадиҳанда беш аз 17 ҳазор, теъдоди умумии 30 намуд дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз беш аз 65 ҳазор бехро ташкил медиҳанд. Инчунин дар ин ҷо барои ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардан 8 намуди дарахтон, ки шумораашон 355 бехро ташкил медиҳад, мавҷуд аст ва онҳо нашъунамои хуб доранд.

Дар Боғи миллӣ кормандон аз тухм ва қаламча ниҳолҳои дарахтони гуногунро парвариш кардаанд, аз ҷумла сосна, маржевика, кипариси аризонӣ, туя, сафора, липа, каштан, магнолияи ҳамешасабз, магнолияи баргпарто, инчунин гулҳо, аз қабили гули садбарг, соквойа, зирк, легустра, брисклет, фарзетсия, туяи тиллоранг ва шамшод.

Дар муассисаи мазкур ҳамчунин ба хотири таъмини дигар хоҷагиҳои боғпарварӣ парвариши қаламчаи дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст.

Дарахтони нодири ороишӣ аз хориҷ ворид карда шуда, дар ин ҷо минтақабоб карда мешаванд.

Дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” беш аз 100 нафар ба таври доимӣ фаъолият мекунанд ва дар вақти ҷамъоварии ҳосили дарахтони боғ инчунин даҳҳо нафар коргарони мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ҳамаи ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои нодири ороишӣ ва хушбӯи дар Боғи миллӣ парваришшуда барои зебо кардани боғҳои пойтахт ва ташкили боғҳои нав дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе нигаронида шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолияту ваҳдати комили сартосарӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат боғҳои кӯҳна аз нав таҷдиду барқарор ва дар майдони ҳазорҳо гектар боғҳои нав бунёд карда мешаванд.






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво