29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Рӯзҳои муштараки фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ доир карда шаванд

650
Дар вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Рӯзҳои муштараки фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ гузаронида шавад, — хабар медиҳад ТАСС.

Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Сарвари Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки тавсеаи робитаҳо миёни марказҳои илмию таълимӣ ва доираҳои эҷодии кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст.

Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ҳамасола дар кишваре, ки дар он Шӯрои машваратии навбатӣ баргузор мегардад, Рӯзҳои муштараки фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки барномаи минтақавии мубодилаи байнидонишгоҳӣ ва илмӣ, гузаронидани конфронсҳои муштараки илмию амалӣ, семинарҳо, тадқиқотҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои мубрами минтақа таҳия карда шавад.

Қаблан, Президенти аввалини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешниҳод намуда буд, ки 15 март ҷашни нав — Рӯзи Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво