24 январ 2022, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро ба ҳузур пазируфтанд

291
13 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки бо сафари дӯстона ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накӯи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр муҳтарам Ҳомид Карзайро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ин имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карданд.

Зимни суҳбати дӯстона доир ба мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба муносиботи ду давлати ҳамсоя ва мардумони ҳамфарҳанги онҳо, авзои кунунӣ ва дурнамои рушду густариши иқтисодиёти Афғонистон, таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва атрофи масоили дигари минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Тавре таъкид гардид, барои ҳифзи суботу оромӣ дар минтақа, тарғиби фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бояд аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда фаъолона истифода бурд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво