11 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ба истифода супоридани Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»

1179

Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Мо имрӯз дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ба ифтихори амалӣ гардидани боз як иқдоми созандаву бунёдкорона, яъне мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифтани муассисаи муосири тиббӣ — маҷмааи тандурустӣ ҷамъ омадаем.
Қобили таъкид аст, ки ин рӯйдоди фараҳбахш дар идомаи раванди корҳои ободониву бунёдкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тӯҳфаи шоиста ба сокинони пойтахт дар соли таҷлили биступанҷумин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон мебошад.
Бинобар ин, ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд ва кулли кормандони соҳаи тандурустии пойтахтро бо оғози фаъолияти муассисаи наве, ки дорои имкониятҳои ниҳоят замонавиву васеи хизматрасонии тиббӣ мебошад, табрик гуфта, бароятон дар ҳифзи саломатӣ ва саодату хушбахтии мардум барору пешравиҳо орзумандам.
Маҷмааи ифтитоҳшуда ҷиҳати ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти соҳаи тандурустӣ, намудҳои хизматрасонии тиббӣ, инчунин ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои замонавии тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд гардидааст.
Маҷмаа аз рӯи шакли фаъолият ҳамчун маркази тиббии бисёрсоҳа дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст буда, бо дарназардошти бахшҳои ёрирасон аз силсилаи биноҳои аз 1 то 9 — ошёна иборат мебошад.
Яъне муассисаи мазкур бузургтарин иншооти соҳаи тандурустии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, аз лиҳози шароиту имкониятҳои хизматрасонӣ ва муҷаҳҳаз будан бо таҷҳизоту технологияҳои муосир камназир мебошад.
Дар бинои мазкур зиёда аз 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, аз ҷумла дармонгоҳ, 47 шуъбаи дармонгоҳӣ ва маъмуриву ёрирасон ва зиёда аз 50 шуъбаи бистаринамоӣ ҷой дода шудааст.
Муассиса аз ҷумлаи беморхонаҳои бузурги низоми бистаринамоии беморон маҳсуб ёфта, зиёда аз 75 фоизи имкониятҳои он ба солимии модару кӯдак равона гардидааст.
Дар ҷараёни бунёди маҷмаа 350 нафар кормандони муҳандисиву техникӣ, 8 ташкилоти сохтмонии ватанӣ ва 17 ташкилоти молрасони ватаниву хориҷӣ саҳм гузоштаанд, ки бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳо миннатдорӣ баён менамоям.
Ҳукумати мамлакат вусъат додани бунёди иншооти таъиноти гуногун ва ба ин васила бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони кишварро масъалаи асосии сиёсати иҷтимоӣ меҳисобад.
Дар идомаи чунин тадбирҳо имрӯз баробари ба фаъолият шурӯъ намудани маҷмаа қариб 3000 нафар кормандони гуногунихтисоси соҳаи тиб бо ҷойи кори доимӣ ва маоши миёнаи аз 1200 сомонӣ то 3500 сомонӣ таъмин мешаванд.
Арзиши умумии корҳои сохтмонии маҷмаа 706 миллион сомониро ташкил намуда, масоҳати он қариб 10 гектар мебошад.
Иншоот аз нигоҳи меъморӣ таҷассумгару пайвандгари фарҳангу тамаддуни Шарқу Fapб буда, ҳангоми бунёди он унсурҳои меъмории миллӣ бо тарҳи муосири меъмории ҷаҳонӣ омезиш ёфтаанд ва дар таҳияи лоиҳаи он тавсияву пешниҳодоти мутахассисону коршиносони соҳаи тандурустӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Тавре ки огоҳед, оғози сохтмони маҷмаа ҳанӯз дар соли 1987 ба нақша гирифта шуда, бояд ҳамчун иншооти махсусгардонидашудаи соҳаи тандурустӣ бунёд мегардид.
Ва имрӯз маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба мо муяссар шуд, ки як силсила иншооти бузурги аср, аз ҷумла чунин як маҷмааи муҷаҳҳази тиббиро бунёд кунем ва дар хизмати мардуми шарифамон гузорем.
Чунон ки зикр кардам, маҷмаа аз ҷумлаи иншооти муосиртарини мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳадаф аз бунёди он фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари хизматрасонии замонавӣ ва хушсифати тиббӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат, озмоиш ва пешгирии беморӣ, инчунин роҳандозии усулҳои муосири офиятбахшии тиббӣ мебошад.
Дар маҷмаа шабакаҳои худкори идоракунии иттилоотӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ, обу газҳои табобатӣ, таҷҳизоти тоза кардани ҳаво, пешгирӣ аз сӯхтор, тибби фосилавӣ, интернет, таҷҳизоти мушоҳидавии мустақим ва 600 компютер насб шудаанд.
Дар пойгоҳи маҷмаа 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ, Маркази таълимиву тамрин, китобхонаҳои электронӣ ва адабиёти тиббӣ таъсис дода шудаанд, ки метавонанд илова ба хизматрасониҳои тиббӣ, инчунин ба сифати пойгоҳи муқтадири омода намудани мутахассисони баландпоя хизмат намоянд.
Ҳамзамон бо ин, нерӯи мавҷудаи зеҳнӣ ва инфрасохтори муассиса имконият медиҳад, ки маҷмаа ҳамчун муассисаи пойгоҳиву ташкилӣ хизмат намояд.
Ҳамчунин, дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ, аз ҷумла се гурӯҳи наҷотбахшӣ ва нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд.
Дар баробари ин, дар муассисаи мазкур фаъолияти як силсила бахшҳои ёрирасон, аз ҷумла ошхонаи парҳезӣ бо 150 ҷойи нишаст, маҷмааи варзишӣ, коргоҳи истеҳсоли доруворӣ ва монанди инҳо ба роҳ монда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки бори нахуст дар сохтори тандурустии пойтахти кишварамон бахшҳои алоҳидаи ҷарроҳии дилу рагҳои кӯдакон, тасфияи хуни кӯдакон, муҳандисии клиникӣ, тибби анъанавӣ ва зиёда аз 50 кати наҷотбахшӣ ташкил карда шудаанд.
Фаъолияти фарогири ташхисиву табобатӣ ва офиятбахшӣ тавассути таҷҳизоти муосири тиббии пешқадамтарин амалӣ мегардад ва ин имконият медиҳад, ки зарурати ба хориҷи кишвар сафар намудани беморон ба таври назаррас коҳиш ёбад.
Мо умед дорем, ки бо дарназардошти фароҳам будани шароити мусоиди корӣ ва мавҷудияти дастгоҳҳои муосири ташхисиву табобатӣ маҷмаа ба коҳиш ёфтани муҳоҷирати кормандони соҳаи тандурустӣ ба хориҷи кишвар ва бозгашти мутахассисони варзида ба мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Ҳозирини арҷманд!
Бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани маҷмааи тандурустӣ ба соли таҷлили 25 — солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили бузургтарин ҷашнҳои миллӣ — Рӯзи модар ва Наврӯз рост омада, туҳфаи арзанда ба кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад.
Мусаллам аст, ки фаъолияти самаранок ва ҳадафманди ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла муассисаҳои тиббии кишвар бидуни фароҳам овардани заминаи мусоиди моддиву техникӣ ғайриимкон аст.
Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳоро дар соҳаи тандурустӣ самти афзалиятнок арзёбӣ намуда, маблағгузориро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим сол аз сол афзоиш дода, шароити инфрасохтори соҳаро ба талаботи замон мутобиқ гардонида истодааст.
Айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ дастрасии кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар тавсеа ёфта, дар марказ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад.
Ҳамин аст, ки дар давоми 25 соли истиқлолият аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва бо роҳи ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо муассисаи нави тандурустӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд.
Соли гузашта бо мақсади беҳсозии низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои тиббӣ ва фаъолияти самараноки сохторҳои тобеи соҳа санги асоси бинои маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузошта шуд.
Мақсад аз дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки ин ниҳоди ҳаётан муҳим иҷрои рисолати аслии худ, яъне нигаҳдории саломатии сокинони кишвар ва пешгирии бемориҳоро дар сатҳи касбӣ таъмин намуда, табибони мо бо ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави ташхису табобат ворисони аслии Синои бузург будани худро собит карда тавонанд.
Табиби воқеӣ бояд сифатҳои ҳалимиву хоксорӣ ва одоби хуби муоширатро дастури доимии фаъолияти худ дониста, ба ин шуғли басо пурмасъулият ҷиддӣ ва бо дасти поку дилу нияти нек муносибат намояд.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки табиб ҳаргиз ҳуқуқи хато карданро надорад.
Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир майлу рағбати ҷавонони кишвар ба шуғли табибӣ зиёд гардида, тибқи таҳлилҳо шумораи бештари довталабон ба Донишгоҳи тиббӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Аз ин лиҳоз, дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Паёми имсола мо дар вилояти Хатлон боз як муассисаи нави таҳсилоти олии тиббӣ таъсис додем, ки тибқи нақша худи ҳамин сол ба фаъолият шурӯъ намуда, имконияти қабули 350 нафар донишҷӯро дорад.
Ғайр аз ин, тибқи супориши мо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли ҷорӣ илова ба нақшаи худ боз 400 нафар довталабонро қабул мекунад ва мо доир ба рушди инфрасохтори донишгоҳ, аз ҷумла ба охир расонидани сохтмони бинои нави таълимӣ, хобгоҳ ва дигар биноҳои ёрирасони он чораҷӯӣ карда истодаем.
Имрӯз дар ҳузури аҳли тандурустии мамлакат ба мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила, падару модарон ва шахсан ба худи ҷавонон таъкид мекунам, ки ҳангоми интихоби касби табибӣ ба донишу малака ва завқи ҷавонон аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд.
Зеро табиб шахсе мебошад, ки бо одам, яъне давомдиҳандаи насли инсон сарукор дорад ва аз ин хотир бояд соҳибихтисосу босавод ва соҳибмаърифат бошад.
Дӯстони азиз!
Ҳамаи мо шоҳидем, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар радифи дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар сохтори тандурустии кишварамон низ бозсозии амиқ оғоз гардида, ин раванд то имрӯз пайгирона татбиқ карда мешавад.
Дар натиҷа имрӯз заминаҳои наву муосири қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, такмили низоми идоракуниву маблағгузорӣ, рушду таҳкими кумаки аввалияи тиббиву санитарии ба тибби оилавӣ асосёфта ва таҷдиди муассисаҳои тиббиву фармасевтӣ муҳайё карда шудаанд.
Яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ дар баробари таҷриба ва малакаи касбии табибон дастрасии дорувории хушсифат мебошад.
Бояд таъкид кард, ки ҳоло 90 фоизи доруворӣ аз хориҷи кишвар ворид шуда истодааст.
Вобаста ба ин, ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти имкониятҳои фаровони табиӣ ва ашёи хом, аз ҷумла гиёҳҳои табиии шифобахши мамлакатамон ҳарчи зудтар доир ба рушди саноати дорусозии ватанӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ислоҳоти соҳа, дар навбати аввал, таҷдиди сохтор, фароҳам овардани шароит барои кумаки аввалияи тиббӣ, таъмини муассисаҳои бистарикунонӣ бо лавозимоти зарурӣ, тақвияти нерӯи кадрии соҳа, мукаммалсозии инфрасохтор, такмил ва беҳбуди таъминот бо доруворӣ, ворид намудани усулҳои нави маблағгузорӣ, татбиқи усулҳои нави ташхису табобат бо истифодаи технологияҳои муосир, барқарорсозии саломатии маъюбон ва умуман беморон, инчунин рушди заминаи иттилоотии идоракуниро дар бар мегирад.
Айни замон дар соҳаи тандурустӣ бо мақсади самаранок ва сари вақт татбиқ намудани Стратегияи миллии солимии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 бо дарназардошти хусусиятҳои хоси соҳа зиёда аз 20 барномаи миллӣ татбиқ шуда истодааст, ки ҳадафи асосии онҳо торафт беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва солимии аҳолӣ мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи татбиқи барномаҳои зикршуда тамоюли беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, паст шудани сатҳи беморшавии аҳолӣ ва кам шудани шумораи бемориҳои сироятӣ ба мушоҳида мерасад.
Дар робита ба ин, бори дигар ба олимону мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ, ки давомдиҳандагони анъанаҳои беҳтарини зиёиёни кишвар мебошанд, таъкид месозам, ки маҳз шумо вазифадоред, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоиди фароҳамгардида донишу ҷаҳонбинӣ ва малакаи касбии худро такмил диҳед, таҷрибаомӯзӣ ва тадқиқоти илмиро ҳарчи бештар ба роҳ монед ва барои ноил шудан ба комёбиҳои назаррас мунтазам саъю талош кунед.
Имрӯз, ки мову шумо дар остонаи ҷашни зебои модарон қарор дорем, кулли модарон ва бонувону духтарони азизи кишвар, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустиро, ки дар ин ҷо ҳузур доранд, ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Дар охир бори дигар ҳамаи шумо — ворисони ростини фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалии Синоро ба ифтихори оғози фаъолияти чунин иншооти дорои имкониятҳои беҳтарини корӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар самти амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати мамлакат дар соҳаи тандурустӣ, ки муҳтавои асосии он фарди солим, оилаи солим ва дар маҷмӯъ ҷомеаи солим мебошад, барори кор мехоҳам.
Ҳамчунин, пешниҳод менамоям, ки муассисаи навбунёди имрӯза Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” номида шавад.
Бовар дорам, ки ин маҷмаа минбаъд ба маркази тақвияти нерӯи кадрии соҳаи тибби кишвари соҳибистиқлоламон ва муаррификунандаи сатҳу сифати хизматрасонии муосири тиббӣ табдил хоҳад ёфт.
Ҳамеша саодатманду сарфароз бошед!




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво