15 ноябр 2019, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди «Шаҳраки Сомониён» дар ноҳияи Файзобод санги асос гузоштанд

83
20 сентябр дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди шаҳраки “Сомониён” санги асос гузоштанд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи лоиҳаи сохтмони шаҳраки муосир шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди шаҳраки замонавӣ 30 гектар замин ҷудо карда шудааст ва дар ин ҷо барои 65 оила манзилҳои истиқоматӣ ва тамоми инфрасохтори зарурӣ сохта мешавад.

Лоиҳаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “МК Иншоот” Манучеҳр Каримзода амалӣ мегардад.

Дар ин ҷо майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, мактаб барои хонандагони лаёқатманд бо 520 ҷой дар ду баст, боғчаи кӯдакона барои 200 нафар, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ, гулгашт, ҳавзҳои шиноварӣ, идораҳои маъмурӣ, маркази ҷамъиятии маҳаллӣ, коргоҳҳои хурди саноатӣ, корхонаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ, инчунин дигар иншооти таъйиноти гуногун сохта мешаванд.

Аз рӯи иттилои соҳибкорон дар рафти сохтмони шаҳраки нав беш аз 400 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Барои бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва дар асоси нақшаи генералии ноҳияи Файзобод бунёд кардани шаҳрак, лоиҳа аз тарафи мутахассисони ботаҷриба ва лоиҳасозони ҷумҳурӣ тарҳрезӣ шудааст.

Дар ҷараёни бунёди иншооти шаҳраки Сомониён соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дастаҷамъона камари ҳиммат мебанданд.

Бунёди шаҳрак барои соҳибкорон имконоти васеъро фароҳам овардааст ва онҳо метавонанд баҳри ташкили дилхоҳ маркази тиҷоратию хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аз он самаранок истифода баранд.

Амалӣ шудани лоиҳаи бунёди шаҳраки Сомониён дар солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин иқдом аст, зеро ин тадбир барои ободонии як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои корӣ ва дигар иқдомҳои созандаи Ҳукумати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Мавриди зикр аст, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Каримзода ҳамчунин дар ноҳияи Файзобод сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ оғоз гардидааст, ки бунёди он барои рушди соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ва гузоштани санги асос ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, ба онҳо дар роҳи татбиқи ин ҳадаф барору комёбӣ орзу карданд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво