22 сентябр 2019, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро ба истифода доданд

4
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамчунин дар маркази шаҳр гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро, ки бо тарҳи муосир ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Макони истироҳатӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар масоҳати умумии 3 гектар доман густурдааст.

Корҳои сохтмонии мазкур аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мега техник иншоот» бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Дарозии гулгашт 750 ва паҳноиаш 45 метр мебошад. Корҳои сохтмонии гулгашт моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расидааст.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонии гулгашт зиёда аз 250 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таьмин гардида буданд.

Дар гулгашт барои сокинону меҳмонон қаҳвахона сохта шудааст, ки дар як вақт имкон дорад то 80 нафарро қабул намояд. Барои обёрии гулгашт ва шодоб намудани дарахтону гулу буттаҳо ҳамчунин як чоҳи амудӣ бо иқтидори 250 мукааб сохта шудааст.

Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш гардида, дар дохил ва атрофи он 172 чароғаки муосири 6-метра ва барои атрофи гулгашт 60 адад чароғакҳо насб гардидаанд.

Дар гулгашт 10 адад суҳбатгоҳ ва 84 нишастгоҳи замонавӣ насб гардидааст, ки хусусан шабонгоҳ барои гаштугузори сокинон мусоид аст.

Ҳамзамон дар инҷо ба хотири зебою дилкаш гардидани гулгашт беш аз 600 бех дарахтони ороишию сояафкан ва беш аз 650 ҳазор бех гулҳои мавсимию доимӣ шинонида шуда, қитъаҳои алоҳидаи он сабзазор карда шудаанд.

Ду фавворае, ки дар ин гулгашт бунёд карда шудаанд, ба гулгашт зебоии дигар бахшидаанд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво