29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб

324
10-уми сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот ва иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳр бо самимияти беандоза ва руҳияи баланди идона истиқбол гирифтанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар шаҳри Кӯлоб бо бунёди даҳҳо иншооти хизматрасонию маъмурӣ ва иҷтимоӣ ободу зебо гардида, бо амалӣ кардани тадбирҳои муҳим ва татбиқи ҳадафҳои созанда сатҳи зиндагии мардум баланд гардидааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво