19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли «Душанбе»-ро дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд

383
30 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе”-ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди ифтитоҳи марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити истироҳат дар кӯли “Душанбе”, аз ҷумла мағоза, тарабхона, ҳавзҳо, аквапарк, боғи ҳайвонот, майдончаҳои назди соҳили кӯл ва дигар иншооти фароғатии ин ҷо шинос шуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз ифтитоҳи кӯли “Душанбе” дар пойтахт шумораи иншооти фароғатӣ боз як адад зиёд гардида, маркази муосири истироҳатию фароғатӣ пешкаши сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки барои ин тадбир дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ду сол қабл иқдом пеш гирифта шуда буд.

9 ноябри соли 2017 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои навсозии “Кӯли Варзоб” ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ шинос шуда, барои сохтмони Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” санги асос гузоштанд.

Бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ ва дигар марказҳои фарҳангӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо соҳибкорони ватанӣ тасмим гирифта буданд, ки “Кӯли Варзоб”, воқеъ дар шафати шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”-ро дар назди соҳили дарёи Варзоб навсозӣ намоянд.

Ҳамон вақт ба нақша гирифта шуда буд, ки дар атрофи кӯл барои кӯдакону наврасон ва калонсолон ҷойҳои махсуси дилхушӣ, аквапарк, майдончаҳои футбол, волейбол ва дигар марказҳо бунёд гарданд.

Барои истироҳати хуши калонсолон дар кӯл нақлиёти обӣ-гидросиклҳо ва катамаранҳо истифода бурда мешаванд.

Бо мақсади навсозии мавзеи истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии замонавӣ дар қаламрави мамлакат, муаррифии он ба меҳмонону сокинони мамлакат, инчунин шуҳрати хоса пайдо намудани номи кӯл дар минтақаи Осиёи Марказӣ корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва таъмиру навсозии Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” оғоз гардид.

Масоҳати Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” пеш аз навсозӣ 13 гектарро ташкил медод. Бо васеъ намудани ҳудуди Маркази истироҳатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави истироҳатӣ масоҳати он ба 17 гектар расонида шуд.

Дарвозаи даромадгоҳи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” бо нақшу нигор ва услуби хосса ороиш дода шуда, ҳудуди он бо панҷараҳои ороишӣ иҳота карда шудааст.

Пайроҳаҳо бо тахтасангҳо рӯйпӯш карда шуда, дохил ва атрофи кӯл дар майдони кариб 3 гектар сабзазор гардидааст ва дар ҳудуди он дарахту буттаҳои хоси иқлими ҷанубу шарқӣ шинонида шудаанд.

Марказ метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмонони дохилу хориҷи ҷумҳурӣ хизмат расонад.

Воридшавӣ ба ҳудуди ин Маркази фароғатӣ бо истифода аз тасмачаҳои махсуси электронӣ сурат мегирад, ки ин ба истироҳаткунандагон имконияти истифода бурдани тамоми иншооти марказро фароҳам месозад.

Дар қисмати шимолу шарқии Марказ ду таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт сохта шуда, роҳравҳои марказ пурра асфалтпӯш гардидаанд.

Дар ҳудуди Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳӣ 3 бинои нав бо санъати меъмории хосса сохта шудаанд.

Бинои якум аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум хазина, мағозаи хӯрокворӣ, мағозаи махсуси фурӯши лавозимоти шиноварию истироҳатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои ивази либос, хонаҳои дастшӯӣ ва утоқҳои кории маъмурият ҷойгир шудаанд.

Ошёнаи дуюм аз толори маҷлис ва ҳуҷраҳо барои истироҳат иборат аст.

Дар назди бинои мазкур майдончаи кушоди консертӣ бо тамоми таҷҳизоти ороишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар саҳни ҳавлӣ ду фаввораи рақсон бо истифода аз мусиқиҳои ҷаззоб ва тасвирҳои рангоранг қомат афрохта, ҳамзамон шаршара бо истифода аз сангҳои азимҷусса сохта шудааст.

Дар қисми шимолу шарқии кӯл бинои якошёна қомат афрохта, дар он тарабхона ва қаҳвахона ҷойгиранд, ки дар як вақт имконияти қабули 700 нафар меҳмонро ҳам дар дохил ва ҳам дар саҳни ҳавлӣ доранд. Ғайр аз ин, дар ин бино ҳуҷраҳои иҷораи катамаран, флейборд ва гидросикл ҷойгир мебошанд.

Обанбори кӯли “Душанбе” масоҳати 6,5 гектарро дар бар гирифта, ба он оби софи равон ворид мешавад ва сифати он таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар қисми шимолии соҳил ҷой барои оббозӣ, ки бо тӯр ҷудо шудааст, дар қисмати шарқӣ ҷой барои истироҳату фароғати гурӯҳиву оилавӣ бо катҳои алоҳида ташкил карда шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бо ҳуҷра барои ивази либос таъмин гардида, дар онҳо имконияти дастрасии мустақим ба соҳили кӯл фароҳам аст.

Соҳили кӯл аз қуми махсуси баҳрӣ, ки аз шимоли кишвар оварда шудааст, рӯйпӯш гардида, ба саломатии инсон манфиатовар мебошад.

Дар баробари ин барои истироҳаткунандагон ва дӯстдорони бозиҳои обӣ трамплинҳои варзишӣ барои ҷаҳидан ба об сохта шуда, онҳо метавонанд аз катамаранҳо, флейборд ва гидросиклҳо истифода баранд.

Дар гирди кӯл дар масофаи 2000 метр пайроҳа барои давидан ва велосипедронӣ ташкил шуда, дар ҷойи махсус таваққуфгоҳи велосипедҳо сохта шудааст.

Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” велосипедҳои дучарха ва чорчархаро барои истифода дар ҳудуди кӯл пешкаши сокинону меҳмонон намудааст.

Барои нафароне, ки худашон маҳорати пазандагӣ доранд ва мехоҳанд хӯрокро бо дасти худ омода созанд, дар минтақаи истироҳати оилавӣ дар наздикии кӯл катҳо мавҷуданд, ки аз он метавонанд истифода баранд.

Дар қисми шимолу ғарбии Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” боғи ҳайвонот сохта шудааст, ки дар он беш аз 50 навъи ҳайвоноти нодири оилаҳои хазандаҳо, даррандаҳо, паррандаҳо, ширхӯрҳо ва ғайра ҷойгир шудаанд.

Қисми дигари Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе”-ро аквапарк (парки обӣ) ташкил медиҳад, ки он дар масоҳати 2,6 гектар ҷойгир буда, чун намунаи муосири беҳамто дар ҳудуди Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёбад.

Аквапарк аз 5 маҷмааи истироҳатӣ — ҳавзи шиноварӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушии обӣ иборат мебошад.

Ҳавзҳо дорои системаи махсуси поккунии об буда, тавассути насосҳои филтркунанда вазъи санитарии об пурра таъмин мегардад.

Дар ин парки обӣ зиёда аз 16 навъи аттраксионҳои обӣ васл карда шудаанд, ки дар кишвар бори аввал аз Туркия вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, ба монанди спейсшатл, блекхол, турбо-лейс, спейбоод, рокет фрифол, виндиго, твистер.

Лоиҳакаши Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Меъморӣ ва шаҳрсозӣ” мебошад.

Баъди шиносоии пурра бо Маркази истироҳатию фароғатии Кӯли “Душанбе” Сарвари давлат муҳарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ба соҳибкорон барои дастгирии ташаббуси роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои арзанда дода, иқдоми онҳоро намунаи ибрати шоиста номиданд

Бояд гуфт, ки ҳамаи иншооти муҳими соҳаи туризм, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёдашон тадбирандешӣ мегардад, барои рушди соҳаҳои туризм ва варзиши ҷумҳурӣ дар минтақаи туристии Варзоб аҳамияти муҳим доранд.

Баробари сохтмони иншооти номбаршуда, боз садҳо ҷойи нави корӣ таъсис меёбанд, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо кори доимӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин иншооти мазкур бо тарҳи муосир сохта шуда, сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ беҳтар мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво