9 ноябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶСП «Заводи асфалту бетон»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд

366
27 август дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «Заводи асфалту бетон»-ро ифтитоҳ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти дастгоҳи наву муосири истеҳсоли асфалт ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Заводи асфалту бетон”, ки роҳбариашро соҳибкори ҷавон Тоҳир Ҳукуматов ба уҳда дорад, аз соли 2002 то инҷониб фаъолият карда истодааст.

Шумораи коргарон 300 нафарро ташкил медиҳанд ва баъди васлу насби коргоҳи муосир дар ин ҷо боз 50 ҷойи кории нав таъсис ёфт.

Коргоҳи истеҳсоли асфалт аз давлатҳои Италия ва Туркия ворид карда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як соат 240 тонна ва дар як басти корӣ қариб 2000 тоннаро ташкил медиҳад.

Роҳбарияти корхона ба хотири саҳм гузоштан дар рушду пешрафти пойтахт, ободу зебо кардани кӯчаю хиёбон ва роҳҳои шаҳр ҳамчун иқдоми саховатмандона солҳои 2017 то 2019 дар маҷмӯъ қариб 30 километр роҳҳои шаҳри Душанберо асфалтпӯш кардаанд.

Дар асоси шартнома корхона дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 47 километр роҳро навсозӣ кардааст.

Дар корхонаи асфалтбарорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз озмоишгоҳи муосир боздид ба амал оварда, бо шароити кор ва самти фаъолияти он шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки чунин озмоишгоҳҳо на дар ҳама корхонаҳои истеҳсолӣ мавҷуд аст ва ҳадафи таъсисашро мутахассисон таъмини сифат, бехатарӣ ва пойдории маҳсулоти корхона арзёбӣ мекунанд.

Заводи асфалтбарорӣ аз лиҳози экологӣ хеле мувофиқ буда, ба ҳамаи меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Заводи асфалту бетон” дар як вақт якчанд намуди маҳсулот, аз қабили асфалти майдадона, асфалти калон, сангрезаи бо қир сиёҳкардашуда ва асфалтобетони сангрезаю мастикии- “ШМА” истеҳсол карда мешавад.

Ҳамчунин дар ин ҷо дигар масолеҳи сохтмонии дар бунёди роҳҳо истифодашаванда тайёр карда мешавад.

Дар сехҳои корхона маҳсулоти оҳану бетонӣ, аз қабили канорасангҳои бари роҳ, новаҳои оҳану бетонӣ, болопӯши новаҳои оҳану бетонӣ, ҳалқаҳои бетонӣ, болопӯши ҳалқаҳои оҳану бетонӣ, тахтасангҳои роҳҳои пиёдагард, маҳсулоти оҳану бетонӣ барои сохтмони каналҳо ва новаҳои оҳанубетонӣ барои хатҳои қубурҳои гармидиҳанда аз маҳсулоти дигари коргоҳ аст, ки бо сифати ҷавобгӯ ба талабот истеҳсол мегардад.

Бо истифода аз имконот дар дохили корхона аз тарафи роҳбарияти он ҳамчунин сехҳои гуногун, устохонаҳо бо таҷҳизоти мухталиф фаъолият доранд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли асфалту бетон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ Тоҳир Ҳукуматов барои иқдоми шоиста ва пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои арзанда дода, барору комёбӣ орзу намуданд.

Ифтитоҳи чунин корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат барои татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд.

Ҳамчунин таъсиси корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои корӣ дастоварди арзанда ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби шахсони ватандӯст бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат амалӣ мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво