20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи Ҷумҳурии Тунис Муҳаммад ал-Носир барқияи тасаллият ирсол намуданд

358
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи Ҷумҳурии Тунис Муҳаммад ал-Носир барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли андӯҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ –Президенти Ҷумҳурии Тунис – Баджи Қаид Ас-Себсиро дарёфт намудам.

Марҳум дар маснади Президенти кишвар барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту, тараққии Тунис хизматҳои назаррас анҷом дода буд.

Бинобар ин талафоти бузург аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми дӯсти Тунис баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво