14 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қабули «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»

1473
Дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 феврали соли равон «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардид.
Барномаи мазкур бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо бобати ислоҳот ва рушди муассисаҳои фарҳангӣ нигаронида шуда, амалигардонии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.
Мақсади асосии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг тавассути таҷдиди инфрасохтор, таҳкими заминаи рақобатпазири моддӣ-техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа, татбиқи самарабахши неруи фарҳангӣ ва маънавии афроди ҷомеа мебошад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво