20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ифтитоҳи қисмати дуюми роҳи мошингарди байни шаҳракҳои Навобод ва Ғарм

358
26 июни соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншоот ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро сокинон бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкорона бо шукӯҳу самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қисмати роҳи маҳаллиро, ки пурра навсозӣ шудааст, мавриди истифода карор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо саҳми соҳибкорон чанд сол қабл бештар аз 10 километр роҳи автомобилгарди Сари пул то шаҳраки Навобод мумфарш карда шуда, дар марҳилаи дуюм низ наздик ба 10 километри дигари роҳ дар идомаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ навсозӣ гардидааст. Мумфарш намудани роҳи маркази шаҳраки Навобод дар як муҳлати кӯтоҳ сурат гирифта, ду шафати роҳи мазкур чароғон карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди корҳои ободонӣ дар ин шаҳрак баҳои баланд доданд. Роҳҳои маҳаллии ҳудуди шаҳраки Навобод дар гузашта вайрону валангор буданд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба мушкилӣ сурат мегирифт.

Дар партави ҳидоятҳои раҳнамунсози Сарвари давлат як зумра соҳибкорони бо нангу номуси ноҳия бо азму иродаи созанда дар навсозии роҳҳои маҳаллӣ фаъолона саҳм гузоштанд. Ҳамзамон тариқи роҳи мазкур ҳамарӯза даҳҳо воситаҳои нақлиёт ҳаракат намуда, сокинон низ дар ҳама фаслҳои сол бе мушкилӣ рафту омад мекунанд. Навсозии роҳҳои маҳаллӣ имкон фароҳам овард, ки рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат давра ба давра таъмин гардад.

Сокинон аз ғамхорию таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди инфрасохтори деҳот бо шукргузорӣ изҳори қаноъатмандӣ намуданд. Тайи як соли охир 41 километри роҳҳои маҳаллии ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардида, дар ҳама фаслҳои сол ҳаракати воситаҳои нақлиëт таъмин мебошад.

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва ташаббусҳои бунëдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт соҳибкорон дар раванди босуръати корҳои ободонӣ, бахусус навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо ба талаботи замони муосир саҳми арзанда мегузоранд.

Баъди навсозии роҳи маҳаллии шаҳраки Навобод мушкилоти чандинсолаи сокинони дигар деҳаҳои ноҳияи Рашт низ бартараф шуда, имконият фароҳам меорад, ки ҳаҷми интиқоли молу маҳсулот аз ин минтақаҳои кӯҳистони мамлакат афзоиш ёфта, сатҳи некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар гардад.

Дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозии зиëда аз 20 километр роҳҳои маҳаллӣ дар қаламрави шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт ба нақша гирифта шудааст, ки ин иқдоми ободкорона тадриҷан амалӣ карда мешавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво