19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Лахш мулоқот намуданд

373
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди сокинони ноҳияи Лахш, ки барои мулоқот бо роҳбари хеш дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ доир карданд.

Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мардуми заҳматпешаву меҳмоннавози ноҳияи Лахшро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, барои пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду пешрафти ноҳияи Лахш, ки дар як муддати кутоҳ бо шарофати дастгирии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба даст омадааст, изҳори хушнудӣ карданд.

Таъкид гардид, ки барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш то ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 750 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст. Ҳукумати кишвар барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, бахусус, пардохти саривақтии маошу нафақа диққати аввалиндараҷа дода, тавассути дастгирии буҷети маҳаллӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҷӯӣ менамояд.

Ҳоло раванди амалисозии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018-2020 идома дорад, ки дар доираи он 140 лоиҳа пешбинӣ шудааст ва иҷрои он зери назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ амалисозии 136 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст ва то ба имрӯз ҳамагӣ 40 иншоот бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо сармоягузорону соҳибкорон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

То ба имрӯз дар ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 565 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 2 лоиҳаи дигар ба маблағи қариб 130 миллион сомонӣ идома дорад.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи пурраи лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Сайрон — Қарамиқ ва қитъаи Обигарм-Нуробод имкон медиҳад, ки тавассути он рафтуомади одамон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот бамаротиб афзоиш ёбад.

Дастуру супоришҳои дигар ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш барои рушди соҳаи кишоварзӣ, занбӯриасалпарварӣ, афзун намудани саршумори чорво, хусусан, рушди қутоспарварварӣ, бунёду барқарорсозии боғот, дода шуд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони заҳматқарин ва сарбаланди ноҳияи Лахш минбаъд низ сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои пешрафту ободии ноҳия ва Тоҷикистони азизамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Лахш, кормандони касбу кори гуногун баромад карда, барои таъмини шароити шоистаи зиндагӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво