18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат дар ифтитоҳи марҳилаи якум ва оғози корҳо дар марҳилаи дуюми роҳи марказии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод иштирок намуданд

350
Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт, дар ноҳияи Нуробод марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбандро ифтитоҳ намуда, ба марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи мазкур дар марҳилаи аввал бо дарозии 1,1 километр бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо назардошти стандартҳои ҷаҳонии роҳсозӣ анҷом дода шудааст. Паҳноии роҳ 15 метрро дар бар гирифта, бо хатҳои ҳаракати нақлиёт аз ду самт таъмин мебошад. Ҳамчунин роҳ бо 100 адад аломати огоҳкунанда таъмин шуда, барои убури пиёдагардон дар нуқтаҳои алоҳида мавзеъҳои пиёдагузар бунёд ёфтааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи корҳои сохтмонӣ, ҳамчунин дар масоҳати 5400 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард пурра сафолакпӯшӣ карда шуд. Дар ин масир барои истироҳати шаҳрвандон 10 адад нишастгоҳ насб шуда, ҷиҳати таъмини тозагӣ пиёдароҳа бо 10 қуттии партовпартоӣ низ таъмин мебошад.

Роҳи марказии шаҳраки Дарбанд аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун” бунёд ёфта, корҳои сохтмонии он моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷалби 40 мутахассис оғоз ёфта буд. Дар ин давра корҳо аз рӯйи стандартҳои роҳсозӣ анҷом ёфта, мушкилоти аҳолии шаҳрак ва гирду атрофро ҷиҳати рафтуои бемамоният бартараф намуд.

Ҳамчунин роҳи навбунёд пурра чароғон карда шудааст. Дар шафати роҳ 80 адад симчӯби барқии равшанидиҳанда насб шуда, дар онҳо 160 чароғаки муосир барои таъмини рушноӣ васл гардидааст, ки он ҳусни кӯчаи марказии шаҳракро боз ҳам зеботар мекунад.

Пешвои муаззами миллат дар ин ҷо ба марҳилаи дуюми сохтмони роҳи марказии шаҳраки Дарбанд расман оғоз бахшиданд. Тибқи лоиҳа дар марҳилаи навбатӣ 1,2 километр роҳ бунёд гардида, он бо системаи равшанидиҳӣ, новаҳои обрав ва хати ҳаракати дусамта таъмин мегардад. Пиёдароҳаи шафати роҳ низ дар масоҳати 5444 метри мураббаъ сафолакпӯш карда мешавад.

Тавре иброз гардид, дар идомаи корҳои сохтмонии марҳилаи дуюм роҳ бо 76 адад симчӯби барқии равшанидиҳанда ва 152 чароғак таъмин хоҳад шуд. Тибқи нақша, дар иншооти мазкур наздик ба 50 адад аломати роҳ насб карда мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар марҳилаи аввали роҳи мазкур баҳои баланд дода, сохтмончиёнро вазифадор намуданд, ки дар марҳилаи навбатӣ низ корҳоро бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонанд, то солиёни зиёд ба аҳолӣ хизмат намояд.

Қобил ба тазаккур аст, ки бунёди роҳи марказии шаҳраки Дарбанд ва оғози марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ идомаи тадбирҳои созандагӣ дар ҳудуди ин шаҳраки тозабунёд буда, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дастрасии саривақтӣ ба хизматрасониҳои гуногун, дар ин ҷо дигар корҳои ободонӣ, аз қабили кашидани хатҳои иловагии таъмини оби нӯшокӣ ва корез, барқ, сохтмони ҳавзҳои обгирӣ, бунёди муассисаҳои таълимии миёнаву касбӣ дар назар дошта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво