28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро ифтитоҳ намуданд

448
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор доданд.

Майдончаи варзишӣ дар масоҳати 540 метри мураббаъ дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ сохта шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Сангвор 450 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудааст ва аз надоштани майдончаи муосири обу тоби бадан то ба имрӯз танқисӣ мекашиданд.

Акнун дар доираи иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ва омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор хонандагони ин муассисаи таълимӣ соҳиби майдончаи муосири варзишӣ гардиданд.

Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш на танҳо барои хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, балки барои дигар ҷавонони деҳаи Тавилдараи деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор имконоти васеъ ҷиҳати машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш фароҳам омад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити майдончаи варзишӣ ва суҳбат бо масъулин ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода, ҷавонону наврасонро ба истифодаи пурсамар аз ин шароиту имконот ҳидоят карданд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат як варзишгоҳи калони муосир бо фарогирии 4 ҳазор ҷойи нишаст ва 2 толори варзишии наздимактабӣ сохта шудаанд, ки дар самти оммавигардонии варзиш ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи насли ҷавону ояндасози миллат ба машқу тамрин заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 деҳоти ноҳияи Сангвор бунёди 4 майдончаи варзишии дигар ба нақша гирифта шудааст.

Раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Сангвор ба пешвози арзанда аз ин ҷашни бузурги миллӣ босуръат идома дорад ва сокинони сарбаланди ин минтақаи дурдасти мамлакат талош бар он доранд, ки аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои аз ин ҳам бештар истиқбол намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво