29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхинро ба ҳузур пазируфтанд

384
15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду таъмиқи ҳамкорӣ бо Ветнам манфиатдор аст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи таҳкими робитаҳои сиёсӣ, таҳия ва татбиқи созишномаҳои ҳамкорӣ, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, табодули таҷриба дар масъалаҳои андозию гумрукӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Дар вохурӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво