Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуданд
440
14 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо роҳбари давлати дӯсту ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки мо барои барқароршавии сулҳу субот дар Афғонистон ҳамчун омили таъмини амнияти тамоми минтақа ҳавасманд мебошем. Ҳамкории зич ва пайвастаи ниҳодҳои қудратию амниятии Тоҷикистону Афғонистон дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар зарур шумурда шуд. Ҷонибҳо зимни вохурӣ масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстонаву ҳамкриҳои судманди Тоҷикистону Афғонистонро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф, таълим ва фарҳанг баррасӣ карданд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |