24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Э. Раҳмон: «Соли 2015 дар маҷмӯъ соли бобарор буд, вале соли 2016 аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ дар кулли ҷаҳон душвор хоҳад буд»

1049
Имрӯз зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро дар маҷмӯъ соли бобарор номида, таъкид дошт, ки соли 2016 аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ дар кулли ҷаҳон, хусусан дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли душвор хоҳад буд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо чунин ҳушдор додан аз давлату Ҳукумат ва ҳар шахси масъул даъват кард, ки барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, инчунин дигар захираҳои моддию техникӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар пайваста чораҳо амалӣ карда шаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво