24 август 2019, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов мулоқот намуданд

55
17 май дар дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СҲШ, масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, илм, иртиботи оммавӣ, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи мероси фарҳангии давлатҳо, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, инфрасохтори сохтмон, телекоммуникатсия, технологияи олӣ ва инноватсия, рушди бахши кишоварзӣ ба манфиати кишварҳои аъзо, табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори азнавсозии платформаи иқтисодии СҲШ, татбиқи лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”, таъсиси хатсайрҳои нақлиётӣ — логистикии пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ ба воситаи Хитой ва Россия бо бозорҳои ҷанубу шарқии Осиё ва давлатҳои аврупо, бунёди институтҳои молиявии — Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ва таъсиси Маркази зидди мухаддиротии СҲШ мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе минтақаҳои Афғонистон, пурзур кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, терроризму экстремизм ва роҳҳои маблағгузории он, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво