Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сие Фучжан мулоқот намуданд
567
28 апрел дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ ва иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалӣ «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ташриф оварда, бо роҳбарият ва аъзои он мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти Академия самимона истиқбол гирифтанд. Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сие Фучжан мулоқот карданд. Сарвари давлат иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла илму маориф таваҷҷуҳи хос дорад. Таъкид гардид, ки бояд раванди ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, доир намудани конфронсу форумҳои илмию назариявӣ, ҳамчунин омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷику чинӣ, тақвияти бештар ёбад. Президенти мамлакат аз нашри китоби пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва рӯнамоии он дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷиҳати муаррифии боз ҳам бештари давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик қаноатмандӣ намуданд. Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин минбаъд низ дар тамоми арсаҳо ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемайлон густариш меёбанд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |