25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон киштии рамзӣ-тарабхонаи «Темурмалик» дар шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд

639
Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд киштии рамзӣ-тарабхонаи «Темурмалик»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тарабхона аз ду ошёна ва тахҳона иборат буда, дар соҳили дарёи Сир ва шафати Боғи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст, ки ҷойи хеле хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар таҳхонаи он қаҳвахона бо 100 ҷой, дар ошёнаи якум тарабхона бо 200 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм майдончаи тобистона сохта шудааст.

Масоҳати умумии тарабхона 631 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар вақти сохтмон 150 нафар сокинони маҳаллӣ ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 50 кас соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

Тарабхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ- роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдурашид” Абдурасул Раҷабов сохта шуда, ба хотири гиромидошти фарзанди фарзонаи миллат номи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро гирифтааст.

Тарҳи тарабхона намуди киштӣ дошта, лоиҳаи меъмории он аз тарафи ширкати “Суғдшаҳрофар” омода шудааст.

Акнун сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд метавонанд аз шароиту имкониятҳои тарабхонаи нав дар соҳили дарёи Сир барои фароғати хеш истифода баранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар тарабхонаи ғайриодӣ ба соҳибкорон барои дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, онҳоро барои идомаи тадбирҳои созанда баҳри шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво