Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак
653
20 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар майдони марказии шаҳр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ аз руи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро бардошта онро ифтитоҳ карданд.
Баландии пояи муҷассама 7,5 ва худи муҷассама 7 метрро ташкил медиҳад. Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон, аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд. Маҷмаа бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо маблағҳои соҳибкорони ватанӣ, сокинони саховатпешаи шаҳри Норак ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Майдони назди муҷассама бо фаввораҳо, гулгашту хиёбон бо гулҳои тару тоза ва растаҳо бо чароғҳои рангаву курсиҳо, оро дода шудааст. Соҳибкорон ҳамчунин роҳҳои назди муҷассамаро мумфарш кардаанд, ки дар маҷмуъ ин мавзеъ барои сайру тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Норак басо мувофиқ гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонии маҷмаа беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Мавриди зикр аст, ки бунёди муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ дар саросари мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи олии қадршиносию арҷгузорӣ ба гузаштаи неку ибратбахши давлату миллати тоҷик ва рамзҳову муқаддасоти бузурги миллӣ мебошад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |