29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори рӯзномаи “аш-Шарқ ал-Авсат”

854

Мусоҳибаи
Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон
бо хабарнигори рӯзномаи “аш-Шарқ ал-Авсат”

Шумо, Ҷаноби Олӣ, муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Арабистони Саудиро аз ҷиҳати таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Мардумони Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро арзишҳои волои тамаддунию маънавӣ ва робитаҳои беш аз ҳазорсолаи таърихию фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд.
Ҳамин буд, ки дар аввалҳои солҳои навадуми асри бист Мамлакати Арабистони Саудӣ дар ҷаҳони ислому араб ва зиёда аз ин тамоми олам яке аз аввалинҳо шуда, Тоҷикистони тозаистиқлолро ба расмият пазируфт ва 22 феврали соли 1992 байни ду кишвар робитаҳои дипломатӣ барқарор шуданд.
Ибтидо аз ин рӯйдодҳои дар таърихи муосири ду кишвар хотирмон, ҷонибҳо бар асоси усулҳои дӯстию бародарии анъанавӣ, ҳусни тафоҳум, эътимоди самимӣ, ҳамкориҳои созанда ва эҳтироми мутақобил муносиботи судмандро дар заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ бемайлон пеш мебаранд.
Тоҷикистон кишвари дӯсти Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу минтақаи Ховари Миёна мешиносад.
Аз ин ҷост, ки мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамоем ва талош меварзем, то пайвандҳои ҳамзистиву ҳамкорӣ ва робитаҳои ҳасанаро ба нафъи мардумони ҳарду кишвар тақвият бахшем.
Дар заминаи сиёсӣ то имрӯз Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тамосҳои доимӣ дар сатҳҳои оливу баландро, ки омили муҳими фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкориҳо дар заминаҳои гуногун ба шумор мераванд, ба роҳ мондаанд.
Тайи давраи пас аз истиқрори робитаҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ инҷониб се маротиба ба боздид аз гаҳвораи тамаддуни Ислом ва зодгоҳи Хотам- ул-анбиё, бори охир соли 2005, мушарраф шудам.
Вохӯриҳои сатҳи олӣ, ки дар рафти ин сафарҳо баргузор шуданд, аз лиҳози такони тоза бахшидан ба муносибатҳои байни кишварҳои мо судбахш ва ҳадафманд буданд.
Имконияти кунунии дидорбинӣ бо Ходими Ҳарамайни Шарифайн, ки бо хости Худованди мутаол ва ҳусни таваҷҷуҳи Аълоҳазрат муяссар мегардад, мисоли возеҳи идомаи самарабахши чунин тамосҳо ба манзури тақвияти беш аз пеши муносибатҳои байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф мебошанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мавқеи ҳарду кишвар нисбат ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ба ҳам наздик ё монанд буда, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дар чорчӯбаи ҳамкориҳои бисёрҷониба, аз ҷумла СММ, СҲИ ва сохторҳои махсусгардонидашудаи онҳо ҳамкории мутақобилан судманд роҳандозӣ шудаанд.
Ба манзури рушди тамосҳо ва машваратҳои доимии сиёсӣ соли 2014 ҷонибҳо дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи ройзаниҳои дуҷонибаи сиёсиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор доданд.
Санади мазкур барои фароҳам овардани заминаи ҳамкориҳои сиёсии мо аҳамияти хоса дорад.
Робитаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварҳои мо бар асоси муқаррароти Созишномаи умумӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, фарҳанг, варзиш ва корҳои ҷавонон танзим гардида, ба тадриҷ самтҳои навро касб мекунанд.
Дар ростои рушди маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ нақши муҳим дорад.
Дар чорчӯбаи фаъолияти ин ниҳоди муштарак мо имкон пайдо кардем, ки стратегияи ҳамкориҳои кишварҳоямонро тарҳрезӣ ва ҳадафҳои аслии онро пайгирона татбиқ намоем.
Натиҷаҳои ҷаласаи аввалини комиссияи мазкур дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе нишон доданд, ки ду кишвар иқтидори бузурги ҳамкориро доранд, вале то ба имрӯз аз он самаранок истифода накардаанд.
Барои мисол, мегирем соҳаи тиҷоратро. Тибқи маълумотҳои оморӣ, ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба имкониятҳои мавҷуда ҷавобгӯ набуда, бо амалиётҳои фрагментарии содиротию воридотӣ маҳдуданд. То соли 2014 аз ҷониби саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон каме зиёдтар аз 70 миллион доллари амрикоӣ маблағ дар шакли қарзҳои имтиёзнок ва дигар воситаҳои молиявӣ ворид гардидааст. Ҳамзамон, ҳамкориҳои ҷонибҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми молиявӣ умуман ба назар намерасанд.
Ин нишондиҳандаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ҷавобгӯи имконияту иқтидорҳои ду кишвар буда наметавонанд.
Ба андешаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, кадом самтҳо барои ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ барои ҳарду кишвар афзалиятнок мебошанд ва муҳимтарин мавзӯъҳо, ки бо Ходими Ҳарамайни Шарифайн муҳокима мекунед, кадоманд?

Бо дарназардошти зарфияту имкониятҳои ҷонибҳо, имрӯз ба рӯзномаи муносибатҳои бародаронаи Тоҷикистону Мамлакати Арабистони Саудӣ ба ҳайси самтҳои ояндадори ҳамкорӣ соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, молия ва сармоягузорӣ, саноати сабук, энергетика ва об, кишоварзӣ ва коркарди амиқи маҳсулоти он, туризм, илму маориф ва технология, ҷавонону варзиш ва тандурустӣ, ҳамчунин фарҳангу тамаддун ва амният ворид гардидаанд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки мо ҳамчунин ба бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем ва дар ин самтҳо ҳамкориҳои дарозмуддату судманди байни кишварҳоямонро ба роҳ монем.
Иқтидорҳои васеи молиявӣ ва технологии Арабистони Саудӣ аз як ҷониб ва захираҳои бузурги табиию меҳнатии Тоҷикистон аз ҷониби дигар ба мо чунин имкониятро фароҳам меоваранд.
Зимнан, мо ният дорем дар рафти сӯҳбат бо Ходими Ҳарамайни Шарифайн мавзӯи иштироки ҷониби саудиро дар амалӣ гардонидани чанде аз лоиҳаҳо дар ҷодаҳои зикргардида матраҳ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ табодули назар анҷом диҳем.

Кадом лоиҳаҳо ва созишномаҳоро дар оянда ба манзури густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар муҳим мешуморед? Оё кишвари Шумо дар ҳамшарикӣ бо Арабистони Саудӣ дар рушди соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо ҳавасманд аст?

Лоиҳаҳои энергетикию обӣ ба монанди сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, бунёду таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, зеристгоҳҳо, инчунин коркарду истихроҷи маъданҳои табиӣ, обёрии заминҳои бекорхобида бо мақсади ба роҳ мондани зироаткорӣ ва боғдорӣ, ҳамчунин беҳдошти зерсохтори нақлиётии кишвари мо аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки мо ба иштироки ҷониби Саудӣ дар маблағгузорӣ ва татбиқашон воқеан ҳавасмандем.
Имрӯз дар Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо дар бахшҳои зикргардида тамоми шароити мусоид фароҳам мебошад.
Мехоҳам таъкид намоям, ки чунин ҳамкориҳои мо ҷавобгӯи ҳадафҳои рушди босуботи минтақа аст.
Дар ҳошияи сафари кунунии мо бастаи созишномаҳои дуҷониба низ барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, маориф, варзишу ҷавонон, илму техника, тандурустӣ ва амният ба имзо расид.
Ин амр аз ҳавасмандии ҷонибҳо ба тақвияту тавсеаи робитаҳоямон дар ин соҳаҳо шаҳодат медиҳад.
Ба андешаи мо вақти он расидааст, ки ҷиҳати густариши воқеии робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар иқдомҳои амалӣ ва мушаххас бардошта шавад.
Муътақидам, ки дар таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи мо ифтитоҳи бонки саудӣ ва ё бахши яке аз бонкҳои кишвари дӯст нақши арзишманд хоҳад дошт. Омодаем таҷрибаи Мамлакатро дар роҳандозии низоми бонки исломӣ омӯзем ва ҳамкорӣ намоем.
Бо дарназардошти таҷрибаи ғанӣ ва омӯзандаи Мамлакат дар соҳаи сармоягузорӣ, интизор дорем, ки дар ин самт аз кӯмакҳои кишвари дӯст бархурдор хоҳем шуд. Дар ин замина ва ҷиҳати омӯзишу арзёбии густурдаи лоиҳаҳо ва барномаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз таъсиси Шурои сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ самимона истиқбол хоҳем кард.
Тавре ишора кардам, мо ду кишвари дорои арзишҳои муштарак ва бузурги маънавӣ ҳастем ва замоне расидааст, ки пайвандҳои пуршукӯҳи таърихиро тавассути фаъолсозии робитаҳои мардумони ду кишвар эҳё намоем. Салоҳ медонем, ки масъалаи роҳандозии хатсайри ҳавоии мустақим байни Душанбе ва яке аз шаҳрҳои бузурги Мамлакат бояд ҳарчӣ зудтар миёни мақомоти дахлдори кишварҳоямон баррасӣ шавад.

Ҷаноби Олӣ, нақши Мамлакати Арабистони Саудиро дар умури минтақа ба манзури пойдории амнияту сулҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва дар ин ҷода ташаббусҳои ахири Мамлакатро чӣ тавр арзёбӣ менамоед?
Мутаассифона, имрӯз тамоми минтақаҳои олам, аз ҷумла Ховари Миёна бо чунин хатарҳои глобалӣ, ба монанди терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир мувоҷеҳ шудаанд. Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамояд, ки фишори таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро зери хатар мегузоранд.
Мушкилоти аср бори дигар исбот менамоянд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Зуҳуроти фалокатбори терроризму ифротгароӣ ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст.
Имрӯз мо ниёз ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгароӣ дорем, ки мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намуда, ба нафъи ҳамкории созандаи ҳамаи нерӯҳои солими башарият хизмат мекунад.
Воқеияти имрӯза ҳамчунин андешидани чораҳои муассири ҳамоҳангшуда ва иқдомҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо менамояд.
Дар ин росто, Мамлакати Арабистони Саудӣ, ки дар олами ислом ҷойгоҳ ва нуфузи шоиста дорад, нақши муҳимро мебозад.
Мо аз талошҳои Ҳукумати Мамлакат дар ҷодаи таъмини рушди кишварҳои олами ислом дар заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки аз нигоҳи мо василаи муассири мубориза бо чолишҳои муосири амниятӣ мебошад, истиқбол менамоем.


Диди Шумо, Ҷаноби Олӣ, аз бӯҳронҳои Яман, Сурия ва қазияи Фаластин, ҳамчунин пайдо намудани роҳҳои ҳалли онҳо чӣ гуна аст?

Пӯшида нест, ки таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва низомии минтақаи Ховари Миёна тайи солҳои ахир боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.
Возеҳ аст, ки бӯҳронҳои Яман ва Сурия дар якҷоягӣ бо қазияи Фаластин сулҳу субот ва амнияти минтақаро ҷиддан халалдор менамоянд.
Мо, ки дар Тоҷикистон оқибатҳои фоҷиабори ҷанги дохилӣ ва ноамниро дар таърихи навинамон дарк кардаем, бар ин назарем, ки роҳандозии музокироти васеи миллӣ, истифодаи таҷрибаи муколама ва дипломатияи мусолиматомези кишварҳои минтақа ва пеш аз ҳама ҳавзаи Халиҷ таҳти сарварии Мамлакати Арабистони Саудӣ барои ҳалли буҳронҳои минтақаи Ховари Миёна нақши муҳим ва созгор хоҳанд дошт.
Дар ҷодаи расидан ба ҳалли сулҳомези буҳрони Сурия ва Яман, таъмини суботи комил ва хотима бахшидан ба хушунату даргириҳои хунин дар ин кишварҳо такя ба имконот ва салоҳиятҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ амри муҳим арзёбӣ мегардад.
Умед дорем, ки кӯшишҳои дар чорчӯбаи ин созмонҳо андешидашаванда ба дарёфти роҳҳалҳои сиёсии қазияи Сурия ва Яман мусоидати матлуб хоҳанд кард.

Вазъ ва дурнамои рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё лоиҳаҳои иқтисодии мушаххас барои тақвияти ҳам иқтисоди Тоҷикистон ва ҳам минтақа тарҳрезӣ шудаанд?

Тоҷикистон кишвари маҳсур дар хушкӣ мебошад ва 93 %-и қаламравашро кӯҳсор ташкил медиҳад. Бештари минтақаҳои аҳолинишини кишвар дар баландии 2-3 хазор метр аз сатҳи баҳр қарор доранд. Беҳдошти зерсохторҳои иқтисодӣ ва иншооти иҷтимоии онҳо талошҳои зиёдро тақозо мекунад. Бо мақсади рушди босуботи кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум Ҳукумати Тоҷикистон се ҳадафи стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавориро муайян намуд.
Дар ростои ҳадафхои мазкур бисёр масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пурра ё қисман ҳал карда шуданд. Дар баробари ин, бино бар ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни олам, таъсири буҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, ноустувории бозорҳои ҷаҳонии молия ва ашёи хом, инчунин мавҷудияти монеаҳои сунъӣ дар минтақа, ҳоло ҳам дар роҳи пешрафти кишвар як қатор мушкилихо боқӣ мондаанд.
Тавре маълум аст, Точикистон яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ буда, аз пиряхҳои он 60 фоизи захираҳои оби минтақа ташаккул меёбад. Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Танҳо тобистони соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар ба садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расидааст.
Кишвари мо ба истифодаи пурсамари манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи хос медиҳад. Ҳамзамон бо ин, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиши хавфи офатҳои табиии вобаста ба об бештар мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
Ба ин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон таъмир, навсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обиро идома дода, барои рушди шабакаҳои интиқоли барқ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам ҷиҳати пайвастан бо дигар кишварҳои минтақа чораҳои амалӣ меандешад.
Интизор дорем, ки дар соли 2016 сохтмони лоиҳаҳои бузурги байнидавлатии хатти интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000 оғоз мегардад. Ин лоиҳа омили рушди бозори энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, аз аҳамияти бузурги минтақавӣ бархурдор аст.
Дар заминаи манфиатҳои минтақа ҳамчунин даҳҳо лоиҳаҳои дигари судовар тарҳрезӣ шудаанд ва мо омодаем онҳоро дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ ва минтақавии худ татбик намоем.
Маълум аст, ки ягон кишвари пешрафтаи ҷаҳони муосир бе рушди фарогири шабакаҳои коммуникатсионии худ ва қабл аз ҳама роҳҳои оҳану автомобилгард ба сатҳи имрӯзаи тараққиёташ нарасидааст. То имрӯз барои раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ тадбирҳо ва лоиҳаҳои зиёди инфрасохториву ислоҳотӣ амалӣ карда шудаанд. Татбиқи ин лоиҳаҳо Тоҷикистонро бо дигар кишварҳои ҳамсоя, яъне бо инфрасохтори коммуникатсионии минтақавӣ пайваст хоҳад кард.
Дар ин замина мо тарҳи сохтмони роҳҳои оҳани байни Тоҷикистон — Афғонистон-Туркманистон ва Тоҷикистону Чинро ба нақша гирифтаем. Сохтмони марҳалаи дуввуми роҳи мошингарди Тоҷикистон-Чин, ки кишвари моро бо яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодии минтақа -Ҷумҳурии Исломии Покистон низ мепайвандад, дар назар аст. Нақша дорем, ки иртиботи нақлиётиро бо Афғонистон низ васеъ намоем ва дар ин самт омодаем тарҳҳои мушаххасро бо шарикони худ таҳия ва амалӣ намоем.
Ҳадафи ниҳоӣ аз тарҳрезии ин лоиҳаҳо дар ояндаи наздиктарин фароҳам овардани имконияти васеи транзитӣ барои кишварҳои минтақа ва бад ин васила такони тоза бахшидан ба рушди ҳамкории иқтисодии тамоми минтақаи фарохи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мебошад.
Аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, барои посух ба саволҳоямон сипосгузорем.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво