21 октябр 2021, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

М. Убайдуллоев: «Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвараш такя ва эътимод мекунад»

933
Ин лаҳзаҳо дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ҷараён дорад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханронии худ, аз ҷумла, изҳор дошт, ки: «Президенти Тоҷикистон фарзанди халқи худ аст ва беҳуда нест, ки ӯро Президенти мардумӣ меноманд, зеро Сарвари давлат шурӯъ аз рӯзҳои аввал то ба имрӯз ба мардуми кишвараш такя ва эътимод мекунад. Муҳаббати Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат кайҳо дар дили мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон макон кардааст. Мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон аз қабули қонуни мазкур изҳори хушнудӣ мекунанд, ки расидани даҳҳо номаю шодбошҳо ва муроҷиатномаҳои дастаҷамъӣ гувоҳи барҳақи ин гуфтаҳоянд».

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз муқаддима ва 16 боб иборат буда, дар он Ҷоизаи «Пешвои миллат» ва Ордени «Пешвои миллат» пешбинӣ шудааст.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво