28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Баҳри бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 492 маркази таълимӣ – истеҳсолӣ таъсис дода шуданд

458
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 ба масоили баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва таҳкими муносибатҳои меҳнативу иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ҷиҳати баланд бардоштани музди меҳнат, ҳарчи бештар бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, соҳибкасб намудани шаҳрвандон, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дастурҳои мушаххас ҳамчун нақшаи фаъолияти минбаъда таъкид гардиданд.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат соли 2018 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид. Аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд гардид.

Мавриди зикр аст, ки аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз ислоҳоти музди меҳнат пайваста ҷараён дорад. Танҳо аз соли 2012 то соли 2018 музди меҳнати ҳадди ақал 5 маротиба боло рафта, андозаи музди меҳнати миёна дар соҳаҳои иқтисодиёт аз 354,7 сомонӣ ба 1204 сомонӣ расида 3,4 маротиба афзоиш ёфтааст. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 1999 то 30 фоиз дар соли 2017 коҳиш ёбад. Афзоиши навбатии маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия барои беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири мусбат расонид.

Масъалаи дигаре, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маврид таваҷҷуҳ қарор гирифт, ин таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ ва таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор мебошад. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки вобаста ба ин дар 9 моҳи соли равон 124 ҳазору 342 ҷойи нави кор таъсис дода шуд. Аз ин 55 738 ё 44,8 фоиз ҷойи кори доимӣ, 28405 ё 22,8 фоиз ҷойи кори муваққатӣ ва 35 834 ё 28,8 фоиз ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд.

Пешвои миллат дар Паём инчунин супориш доданд: «Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки масъалаи шуғли аъзои ҳар як оилаи кишварро таҳлил карда, ҷалби онҳоро ба соҳаи кишоварзӣ, корҳои хонагӣ, косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин корҳои мавсимӣ ва хизматрасонӣ таъмин созанд».

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ тибқи дастуру супоришҳо аз Паёми Сарвари давлат ҷиҳати ҳамаҷониба таҳлил намудани шуғли аъзои ҳар як оилаи кишвар, ҷалби онҳо ба кор дар соҳаи кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, корҳои хонагӣ, мавсимӣ ва хизматрасонӣ якҷо бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пурсиши саросарии хонаводаҳо оид ба вазъи шуғли ҳар як аъзои хонаводаи аз 15 то 75-сола дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд.

Тибқи натиҷаҳои пурсиши гузаронидашуда, фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо тақвият дода шуда, дар ин муддат 19 760 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, 2875 нафар ба тайёрии касбӣ ҷалб гардида, 1072 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ба 2710 нафар барои давраи бекорӣ кумакпулӣ таъйин ва пардохт гардид.

Дар Паём ҳамчунин таъкид гардид, ки ба баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии калонсолону ҷавонон ва мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти онҳо ба талаботи бозори меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ ва фаъолияти марказҳои таълими калонсолон диққати бештар дода шавад.

Дар ҳамин радиф, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати тавсеа ва таҳкими фаъолият дар самти рушди касбии захираҳои меҳнатӣ пайваста талош варзида, бо мақсади ҳарчи бештар ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандон, таҳия ва амалисозии барномаҳои нави таълими касбӣ, омӯзиши талаботи воқеии бозори меҳнат ба кадрҳои коргарӣ, арзёбии сифати хизматрасониҳои таълими касбӣ ва такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуд.

Ба иттилои Вазорати мазкур, имрӯз дар сохтори ин ниҳод 61 муассисаи давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолият доранд. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 14 самт ва 96 ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ мутахассис тайёр менамоянд.

Айни замон дар муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 22 903 нафар (5075 духтар) таҳсил намуда истодаанд. Дар муассисаҳои мазкур 1690 нафар омӯзгор, аз ҷумла 1087 нафар устои таълими истеҳсолӣ ба хонандагон нозукиҳои касбро меомӯзонанд.

Соли равон муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро 13 ҳазор нафар хатм намуданд. Аз ин шумора 6046 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, 531 нафар ба хизмати ҳарбӣ даъват шуданд ва 3447 нафар ба муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ дохил шуданд.

Инчунин дар ин муддат дар муассисаҳо ва марказҳои таълимии Вазорат 47 ҳазору 672 нафар шаҳрвандон ба тайёрии касбӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои ихтисосӣ ҷалб гардиданд.

Бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, ки барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ, бахусус занону духтарони хонашин мусоидат менамояд, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шуданд. Дар ин замина 18 ҳазору 815 нафар ба омӯзиши ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, аз қабили адрасу атласбофӣ ва заргариву зардӯзӣ ҷалб карда шуданд.

Ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 822 нафар шаҳрвандони бекор ба андозаи 2 млн. 644,7 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ 492 маркази таълимӣ – истеҳсолӣ таъсис дода шудаанд, ки тавассути ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат шаҳрвандон дар онҳо ҳам ҳунарҳои мардумӣ меомӯзанд ва ҳам маҳсулот истеҳсол менамоянд.

Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Кулчақандпази беҳтарин», фестивали маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ таҳти шиори «Зан ва ҳунар», намоиш-озмуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ бо номи «Баракати Истиқлол» аз рӯи ду номгӯй- «Ҳунарманди беҳтарин» ва «Таомпази беҳтарин» аз ҷумлаи тадбирҳоеанд, ки барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занону ҷавонон ба омӯзиши онҳо нигаронида шудаанд.

Ҳамчунин бо мақсади сайқал додани донишҳои назариявӣ, амалӣ, инкишофи маҳорати касбӣ, шавқ ба касбҳои коргарӣ, тақвияти кӯшиш ба фаъолияти ихтироъкорӣ, тадқиқотӣ ва инкишофи майлу хоҳиш ба корҳои эҷодӣ озмуни ҷумҳуриявии «Дӯхти беҳтарин либоси пешхизмат» байни муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон гузаронида шуд.

Дар маҷмӯъ, навгониҳое, ки аз Паём то Паём дар фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда, барои беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзанда мусоидат намуданд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво