Ифтитоҳи бинои Мактаби санъат дар шаҳри Гулистон
574
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Мактаби санъатро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ карданд.
Бинои мактаби санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 135 ҷойи нишаст мебошад. Сохтмони иншооти фарҳангу маърифатӣ моҳи июни соли 2016 оғоз гардида, моҳи августи соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст. Зимни шиносоӣ бо шароити бинои тозабунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгорони санъату ҳунари шаҳри Гулистонро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд. Бинои наву замонавии мактаби санъат аз бист утоқи дарсӣ, аз ҷумла синфхонаҳои рассомӣ, фортепиано, рубобҳои гуногун, солфеҷио, дутор, доира, карнай, овозхонони фалаку шашмақом, синфи компютерӣ ва китобхона иборат мебошад. Дар мактаби санъат инчунин як толори намоиш, толори консертӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, роҳбарияти мактаб ва ҳуҷраҳо барои омӯзиши дигар асбобҳои мусиқӣ, толори рақс, рассомӣ ва кулолгарӣ мавҷуданд. Дар таҳхонаи бинои мазкур синфхонаи кулолгарӣ, ҳайкалсозӣ, омӯзиши санъати рақс, синфи карнай, доира ва толори хурди намоиш сохта шудааст. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаби санъати шаҳри Гулистон 50 адад асбобҳои мусиқии гуногун тақдим карда шуд. Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору синфхонаҳои Мактаби санъати шаҳри Гулистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону толибилмони шаҳр суҳбати самимӣ доир карданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |