28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рушди соҳаҳои боғдорию моҳипарварӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

620
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаҳои боғдорӣ ва моҳипарварӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд.

Дар деҳоти Гулхонаи ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Хоҷагии деҳқонии “Фазлиддин” ташриф оварданд.

Аъзои хоҷагӣ дар ихтиёри худ 7 гектар замин дошта, дар он парвариши пахта, боғот ва зироатҳои ғалладонагиро ба роҳ мондаанд.

Аз майдони умумии боғоти хоҷагӣ дар 2 гектараш дарахтони хурмо парвариш меёбад.

Президенти мамлакат бо деҳқонони хоҷагӣ оид ба парвариши ин навъи мева суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба тарзи дурусти корбарӣ, захира ва содироти маҳсулоти боғ ба бозорҳои дохил ва хориҷ ҳидоят карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат доданд, ки барои захира, нигоҳубин ва содироти меваҳо аз сардхонаҳои замонавӣ васеъ истифода баранд. Ҳам ҳосил талаф намеёбад ва ҳам хоҷагӣ аз ҳосили руёнидаи худ даромади зиёд мегирад.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони садҳо гектар замини серҳосил мардум ба парвариши боғҳои дарахтони хурмо, анор, зардолу, шафтолу ва олуи сиёҳ машғуланд, ки аксари ҳосил аз онҳо ба содирот нигаронида шудааст.

Худи ҳамин рӯз дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи даромадноки моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар як кули махсус беш аз 10 ҳазор моҳии навъҳои “карп”, “пешонапаҳни сафеду ало” ва “амури сафед” — ро сар доданд.

Моҳиҳо аз Ҷамъияти саҳҳомии “Моҳии тоҷик”- и вилояти Суғд дастрас гардид. Дар кулҳои моҳипарварии вилоят асосан навъи моҳиҳои карп, пешонағафси сафеду ало ва амури сафед афзоиш дода мешавад.

Даромад аз фуруши моҳиҳо як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.

Баъди сар додани моҳиҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисон барои боз ҳам рушд бахшидани ин соҳаи сердаромад дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво