18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

493
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд гардида, баландиаш 50 метр мебошад. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хиост” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Майдони “Парчами давлатӣ” дар 15 садяк бунёд гардида, ҳудуди он гулзор карда шудааст. Ҳамзамон дар ин ҷо 3 фаввораи даврашакл бунёд ва чароғҳои равшандиҳанда насб карда шудаанд, ки барои сайругашти сокинон макони мувофиқу дилфиреб аст.

Акнун дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзи давлатӣ чорабиниҳои мухталиф баргузор карда мешаванд ва болафшонии Парчами давлатӣ ифтихори миллии ҳар бошандаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро боло ва ҳисси меҳандӯстии сокинонро тақвият мебахшад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво