Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи Сукубаи Япония
607
Рӯзи 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Киото ба шаҳри Токио сафар карданд.
Дар шаҳри Токио Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи Сукуба ташриф оварда, бо роҳбари Донишгоҳ Кёсуке Нагата, ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ мулоқоту суҳбати самимӣ доир карданд. Донишгоҳи Сукуба яке аз муассисаҳои олии миллии Япония мебошад ва дар рӯйхати даҳ донишгоҳи беҳтарини ин кишвар шомил аст. Дар миқёси ҷаҳон донишгоҳ дар байни донишгоҳҳое, ки 50 сол қабл бунёд ёфтаанд, дар ҷойи 15-ум қарор дорад. Он таърихи беш аз 140-сола дошта, ҳамчун Донишкадаи омӯзгорӣ бунёд ёфтааст ва аввалин муассисаи таҳсилоти олӣ дар Япония мебошад. Донишгоҳи Сукуба дорои 9 факултаи риштаи бакалавр ва 10 факултаи риштаи магистратура, инчунин 7 барномаи докторантура мебошад. Айни замон дар донишгоҳ наздики 17 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 2 ҳазору 500 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд. Шумораи устодони донишгоҳ 2 ҳазору 376 нафар аст. Донишгоҳи Сукуба дар 12 кишвари дунё намояндагии худро кушодааст, ки онҳо барои барқарор кардан ва рушди ҳамкорӣ бо он кишварҳо дар соҳаи илм ва маориф нақши арзанда доранд. Донишгоҳи Сукуба бо муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон низ робитаҳои хубу босамар дорад. То имрӯз байни Донишгоҳи Тсукуба ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи словянии Тоҷикистону Россия ва Донишкадаи давлатии забонҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Донишгоҳи Сукуба инчунин бо Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои дзюдо, сумо ва карате-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои хубу дӯстона барқарор кардааст. Дар ҳамин ҷо бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Доктори фахрии Донишгоҳи Сукуба” сарфароз гардонда шуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо барномаи таълиму тадриси донишгоҳ дар толори он дар назди ҳайати профессорон ва шумораи зиёди донишҷӯён баромад карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои олимони Донишгоҳи Сукуба барои қадршиносӣ ва бо унвони фахрии илмии “доктор” сарфароз гардидан самимона изҳори сипос намуданд. Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои хуби ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Сукуба ва якчанд муассисаи илмиву таълимии Тоҷикистон, ки ба таври самарабахш рушд меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, нақши ин муассисаро дар таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос оид ба доираи васеи масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла равобити мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ махсус таъкид намуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи санаҳои асосии таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла таҷрибаи нодири сулҳофаринии он, масъалаҳои мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ ва вазъу дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрози андеша карданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |