26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Эмомалӣ Раҳмон. Рисолати созанда»

1134
Дар Чин маросими муаррифии албоми аксҳои «Эмомалӣ Раҳмон. Рисолати созанда» баргузор гардид. Сармуҳаррири нашрияи хориҷии рӯзномаи «Жэньминь Жибао» Ван Шучэн маросими ботантанаро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки дар симои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамони миллии Тоҷикистонро мебинад, ки вазъиятро дар лаҳзаи хатарноки кишвар тағйир дода, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва мусолиҳаи миллиро ба миён овард. Мо президенти бузургеро мебинем, ки кишварро бо маҳорати беназири санъати сиёсӣ бо дасти қавӣ идора намуда, иқтисодиёти кишварро рушд медиҳад, некуаҳволии мардумро беҳтар месозад. Мо инсонеро мебинем, ки халқро дӯст медорад ва аз меҳру муҳаббат ва эҳтироми бузурги халқ бархурдор аст. Мо сарвари давлатеро мебинем, ки дурандешона фикр карда, ҷонибдори ҳамкорӣ буда ва ҳамзамон ба оянда назар мекунад, - гуфт меҳмони олиқадр. «Албом роҳи тӯлониеро, ки Эмомалӣ Раҳмон аз директори ҷавони хоҷагӣ то сарвари барҷастаи Тоҷикистон расидан тай кардааст, нишон медиҳад. Аксҳо президенти хастанопазиру ғайратмандеро нишон медиҳанд, ки дар мансабаш ба таври хастанопазир меҳнат мекунад», - қайд намуд Ван Шучэн. Мавсуф саҳми президентро дар истиқрору таҳкими робитаҳои Чину Тоҷикистон ба таври махсус қайд намуд. «Ҳар як акс ба тври худ нодиру таърихӣ буда, дӯстию муносибатҳои боварибахши миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ҶМЧ Си Ҷинпинро намоиш медиҳанд. Мо метавонем аз рӯи ин аксҳои ҳаяҷоновар ба муносибатҳои самимонаю дӯстонаи миёни кишварҳо ва дӯстии беназири шахсии сарони ду давлат, ғамхории бузург ва таваҷҷуҳе, ки президент ба равобити неки ҳамсоягӣ бо Чин, рушди ҳамкории ҳамаҷониба дар бахшҳои сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг ва башардӯстӣ зоҳир менамояд, баҳо диҳем. Метавон гуфт, ки албоми аксҳо таърихномаи зиндаи дӯстии Чину Тоҷикистон, ҳамчунин саёҳати ҷолиб ба кишвари зебои ҳамсоя мебошад.
Муншии умумии Ҷамъияти мардумии дӯстии Чин бо кишварҳои хориҷӣ Ли Сикуй таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба он ҷалб намуд, ки: «Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҳаракати таърихии Тоҷикистон дар роҳи душвори таҳкими истиқлолияташ масъулияти бузургро барои сарнавишти халқи тоҷик ба зиммаи худ гирифта, ба маъвои тоҷикон сулҳу мусолиҳаи миллӣ овард, кишварро ба роҳи шукуфоию пешрафт баровард. Тоҷикистон тайи бист сол бо роҳбарии пешвои худ ба муваффақиятҳои барҷаста дар бахши иқтисодию иҷтимоӣ ноил шуда, иштирокчии фаъоли ҳаёти байналмилалӣ гардид. Албоми аксҳо камолоти фарзанди барҷастаи халқи тоҷикро, ки роҳи аз директори хоҷагӣ то роҳбари давлатро тай кардааст, намоиш медиҳад. Китоб нашрияи басо зебою ҷолиб буда, имкон медиҳад, ки бо лаҳзаҳои ҳаяҷонбахши ҳаёти президент - дӯсти қарини Чин, ҳамчунин бо Тоҷикистон - ҳамсояи неку бузургамон шинос шавем».
Журналисти маъруфи бахши байналмилалии Чин, муовини сармуҳаррири ҳафтавори «Веньхуэйбао» - и Сянган Инь Шугуан албоми аксҳоро аз ҷониби мураттибон муаррифӣ карда, гуфт, ки тарҷумаи ҳоли президентро бо ҳаяҷон ва шавқу ҳаваси бузург омӯхт. Ҳайати муаллифон қариб ҳашт моҳ кор карда, аз ҷумлаи 7 ҳазор акс, 500 акси нодири марбут ба марҳалаҳои мухталифи ҳаёту фаъолияти Президент Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуд. Ҳар яке аз 300 саҳифаи албомро варақ зада, метавон бо солҳои ҷавонии пешво ва қаҳрамони халқи тоҷик, саъю кӯшишҳои ӯ барои истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, дигаргунсозӣ ва рушди устувори кишвар, фаъолияти бузург дар арсаи ҷаҳон шинос шуд, - гуфт ӯ.
Президенти Маркази рушди иқтисодии Роҳи абрешим, воқеъ дар Сянган Чэн Литзи қайд намуд, ки «албоми аксҳо ба хонандаи чинӣ имкон медиҳад, ки ба кори ҳаррӯзаи душвор, фарогир ва ҳамзамон ҷолиби президенти Тоҷикистон чуқур сарфаҳм равад. Мо дар таҳияи албом иштирок намуда, сидқан мехостем, ки шумораи ҳар чӣ бештари мардуми Чини қитъавӣ ва Сянган бо Тоҷикистон шинос шуда, донишҳои худро дар бораи ин кишвари зебою ғании дорои таърихи қадимӣ ва имконоти бузург барои рушди ҳамаҷониба афзун намоянд».
«Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон онро нуқтаи нақлиётӣ барои робита бо Осиёи Марказию Ҷанубӣ, Шарқи Наздик ва Аврупо мегардонад. Ба фикрам, имрӯз пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе назар ба Лондон бештар ҷолибтар аст. Мутаассифона, дар Чину Сянган ҳанӯз бисёриҳо аз ҳаёти Тоҷикистон, ки бо саъю кӯшишҳои Э.Раҳмон кишвари босуръат тараққиёбанда ва ҷолибе барои сармоягузорони хориҷӣ гардидааст, кам медонанд. Мехостам, ки ширкатҳои зиёди Сянган ҳам ба иқтисодиёти Тоҷикистон маблағгузорӣ намоянд», - гуфт Чэн Лидзи.
Муншии умумии СҲШ Дмитрий Мезентсев саҳми президент Эмомалӣ Раҳмонро, ки яке аз асосгузорони созмон ба шумор меравад, дар афзун намудани неруи он, ғамхории ӯро барои дар арсаи ҷаҳон мақоми судманд пайдо намудани СҲШ ба таври махсус қайд намуд.
Сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба он ҷалб намуд, ки таърихи имрӯза дар бораи бар асари идораи ноуҳдабароёна рӯ ба таназзул овардани давлати шукуфон, бинобар ихтилофоти дохилӣ дар ҷомеаи босубот сар задани сӯхтори хомӯшнашавандаи ҷанги шаҳрвандӣ ва бадбахт гардидани шаҳрвандони хушу хуррам мисолҳои зиёде дорад. Ҳамзамон, қайд намуд сафир, «ҳодисаҳое ангуштшуморанд, ки мамлакати аз таъсири ҷанги шаҳрвандӣ харобгаштаро метавонист роҳбари ҷавони дар доираҳои васеъ номаълум ба роҳи васеи сулҳу ризоияти миллӣ ва суботу пешрафт бароварда, мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Эмомалӣ Раҳмон тимсоли чунин мисол аст. Мардум дар лаҳзаи фоҷиабори сарнавишти кишвар тақдири худ, тақдири Тоҷикистони ҷавони мустақилро ба Эмомалӣ Раҳмон бовар кард».
«Барои иҷрои ягон кори бузург бояд тамоми қувва сидқан ба ҳалли вазифаи асосӣ сафарбар шавад. Чунин вазифа ба сарзамини тоҷикон баргардонидани сулҳу субот буд. Эмомалӣ Раҳмон бо ғайрату хиради табиии ба худ хосаш ин вазифаро муваффақона иҷро намуда, ҳамаи қувваҳои солимфикри ҷомеаро дар атрофи худ ҷамъ оварда, ба дастгирии дӯстони Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳон такя намуд. СММ таҷрибаи дар ҳалли низои байни тоҷикон андӯхташударо яке аз таҷрибаҳои муваффақтарин донист», -зикр намуд сафир. «Такя ба иродаи мардум, ҷасорат, қатъият, бовар ба ғалабаи заковати мардум ва хиради чандинасраи мардуми тоҷик ба вай қувваю ғайрат бахшиданд, ки ӯ масъулиятро барои сарнавишти давлати ҷавони мустақил ба зиммаи худ гирифт, меъмору бунёдкори Тоҷикистони нав ва сазовори эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид», - зикр намуд Рашид Олимов ва афзуд: «Вале ӯро на фақат вазъиятҳои фоҷиабор фарзанди бузурги мардумаш гардониданд. Эмомалӣ Раҳмон бо покдилию ҳақгӯӣ, самимияту поквиҷдонӣ, некхоҳию принсипнокӣ, маҳорати ҳифзу дифоъ намудани манфиатҳои миллӣ тавонист, ки дар давраи кӯтоҳи таърихӣ сазовори меҳру муҳаббати мардум гардида, бо аксарияти давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои мутақобилан муфиди бар эҳтироми якдигар асосдоштаро барқарор намояд. Ҳамсояи бузургу неки мо Чин дар байни онҳо мақоми хоссаро касб намудааст», - гуфт сафир.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво