20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба Китобхонаи миллии Ӯзбекистон китобҳои адибони тоҷику ӯзбек, ки дар Тоҷикистон нашр шудаанд, тақдим гардиданд

654
Дирӯз, 17 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд маросими тақдими китобҳои адибони тоҷику ӯзбек ба китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ баргузор гардид.

Дар маросими тақдими китобҳо вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода, нависандагону шоирони ӯзбек, адабиётшиносон, тарҷумонҳо, ходимони адабии Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Зимни суханронии худ Шамсуддин Орумбекзода зикр кард, ки ба шарофати сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ду давлати дӯсту ҳамсоя муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла робитаҳои фарҳангиву адабӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд.

«Тақдим намудани китобҳои дар Тоҷикистон нашршуда иқдоми аввалину охирин нест, минбаъд муносибатҳо миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ӯзбекистон боз ҳам тақвият дода мешавад. Аз ҷумла, баргузор намудани чорабиниҳои якҷояи адабию фарҳангӣ дар назар дошта шудааст, — гуфт директори китобхонаи миллии Ӯзбекистон Алишер Абдуазизов.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво