18 август 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов

462
18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ омили муҳим барои рушди муносибатҳои ду кишвар мегардад.

Таъкид гардид, ки ҳамкории имрӯза бо сатҳу сифат ва рушди босубот дар ҳама соҳаҳо афзалияти бештарро касб мекунад, зеро он бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии барои ҳар ду ҷониб судмандро фарогир аст.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла ҷоннок кардани фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷрибаро дар самти қонунгузорӣ иброз доштанд.

Таъмиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, ҳарбиву техникӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, инчунин амниятӣ ба хотири таъмини амну субот дар минтақа аз самтҳои афзалиятноку барои мардумон судманд , зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво