29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон»

500
Нимаи дуюми рӯзи 17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Истеҳсоли Тоҷикистон» боздид карда, бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештарро пайдо кардаанд, шинос шуданд.

Дар Намоишгоҳи мазкур зиёда аз 60 корхонаи азими саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Ширкати «Талко-гурӯҳ», ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ғайюр семент» ва «Моҳир семент», Ширкати «Фароз», ҶСП «Шири Душанбе», КВД «Ангишт», «Намаки Ашт ва Хоҷамуъмин», ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум», ҶДММ «Амирӣ», ҶДММ «Маколли», ҶСП «Оби зулол», инчунин дигар корхонаҳои бузурги ватании соҳаи саноати маъдан, хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ саноати мудофиа ва химия, масолеҳи сохтмонӣ, саноати ангишт ва саноати сабук ширкат варзиданд, ки маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро бо шиори «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» ба маъраз гузоштанд.

Намояндагони зиёда аз 50 корхонаю ширкатҳои ватанӣ, ҳамчунин молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, қисмҳои эҳтиётии мошин, анвои хӯрокворӣ, маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, консерваи меваю сабзавот, меваи хушк, машрубот, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти чарм, масолеҳи сохтмон, алюминий, пластикӣ, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, адрасу атлас, дару тиреза, мизу курсиҳо ва рахти хоб барои беморхонаҳо ва ҷевонҳо, профил ва трубаҳои металлӣ, ноқилҳои пастшиддат ва баландшиддат, намунаи ҳунарҳои дастии занону духтарон ва дигар молу ашёро ба намоиш гузоштанд.

Ҳамзамон дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат, захираҳои об, дорусозӣ ва тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ ва маҳсулоти дастранҷи ҳунармандони мардумӣ ба Сарони давлатҳо муаррифӣ намуданд.

Тавре маълум аст, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз барои ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.

Бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати кишвар рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон фароҳам овард, ки раванди саноатикунонии мамлакат густариш пайдо карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш ёбад.

Дар 6 моҳи соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 10 миллиарду 414 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 1 миллиарду 862 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 117 фоиз таъмин карда шуд.

Барои дар амал татбиқ кардани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ — саноатикунонии кишвар, яъне аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони корхонаҳои азими тавлидкунандаи маводи хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷаҳду талош меварзанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар дохили мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркардашуда бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Дар намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон» ҳамчунин даҳҳо намуди матои атласу адрас ва дигар намунаи ҳунари дастии занону духтарон, ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.

Сифати баланди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар бозори дохил ва хориҷ мизоҷони бештар пайдо намоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхонаҳо ба ҳисоб меравад.

Истеҳсолоти саноатӣ — пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Иштироки фаъоли саноатчиёни Тоҷикистон дар намоишгоҳи молу маҳсулот дар Ӯзбекистон шаҳодати рушду пешрафти соҳа мебошад.

Натиҷаи муҳими ин намоиш пеш аз ҳама дарёфти шарикони боэътимод мебошад. Соҳибкорони Тоҷикистон бо муаррифӣ кардани молу маҳсулоти хеш инчунин барои ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо доираи соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон ҳамкорӣ менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво