14 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барқияи Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

532
Имрӯз Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ман ба Шумо барои фиристодани номаи тасаллият пас аз ҳамлаи террористии бемантиқ, ки рӯзи 29 июли соли 2018 рух дод ва дар натиҷаи он ду шаҳрванди америкоӣ ва ду бегуноҳи дигар фавтиданд, изҳорӣ сипос менамоям.

Ман вокуниши фаврии Ҳукумати кишвари Шуморо ҷиҳати дастгир намудани содиркунандагони ин ҷинояти зишт қадр мекунам. Ин ҳодиса баёнгари равшани зарурат ба ҳамкории амиқтар ва табодули маълумот байни кишварҳоямон дар оянда мебошад.

Ҳамла ба шаҳрвандони бегуноҳ ғайри қобили қабул аст ва мо бояд барои решакан кардани таҳдидҳои террористӣ нисбат ба ду халқи бузургамон якҷоя амал намоем. Маъмурияти ман барои мусоидат дар тафтиши ин ҳамлаи ваҳшиёна нисбат ба одамон ва тарзи ҳаётамон омода аст.

Мо бояд таҳким бахшидани риштаҳои дӯстии ду халқамонро идома диҳем ва итминон дошта бошем, ки чунин ҳамла минбаъд такрор нахоҳад шуд».




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво