14 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов

626
10 августи соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки айни ҳол парлумонҳои ҳарду кишвар дар арсаҳои гуногуни байналхалқӣ, мавқеи худро ҳамоҳанг сохта, оид ба ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи хеш табодули иттилоъ менамоянд.

Истифодаи таҷрибаи бойи парламентаризми Озарбойҷон барои таҳкими ҳамкорӣ ва табодули кор зарур шумурда шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки алоқаи минбаъдаи байнипарлумонӣ метавонад ҳамчун омили муҳими таҳкимбахши муносибатҳои ду кишвар гардад.

Ҷонибҳо ҳамчунин истифодаи заминаи меъёрию ҳуқуқии равобити дуҷонибаро, ки аз санадҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавии сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ иборат аст, барои таъмиқи ҳамкорӣ зарур шумурданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво