Соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ"
674
Дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳо мебошад. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат тасаввур намудан ғайриимкон аст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарварро ба роҳ монда, дар заминаи он бо роҳу василаҳои муассир маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеаро мебояд боло бурд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият зарурати таҳия ва амали сохтани як ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ пеш омад. Аз ин рӯ давлат ва ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 дарк намуда, пайи амали намудани он шуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муаян намуд. Нуқтаи асоситарини татбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату ҷамъият аст. Ҳоло дар мамлакат соҳаеро муаян намудан душвор аст, ки оид ба вазъи ҳуқуқии он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашуда бошад. Вуҷуд доштани базаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакатро таъмин карда, яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад.
Дар баробари ҳамаи тадбирандешиҳо дар ин самт ичунин аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон гарид, ки дар самти боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахрвандон замина мусоид мегузорад. https://fb.watch/sHJNGbE5ii/?mibextid=w8EBqM
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |