19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито

652
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Аълоҳазрат,

Хабари рух додани офатҳои табиӣ дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу-ғарбии Япония, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардиданд, моро сахт андӯҳгин намуд.

Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи моро қабул фармуда, ба наздикони қурбоншудагон тасаллиёти самимии моро бирасонед. Ба осебдидагон шифои комил орзумандем».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво