21 сентябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор шуд

82
Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор шудИмрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Президенти Русия Владимир Путин дар оғози суҳбат Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти беҳтарини худро изҳор намуданд.

Сарони давлатҳо дар зимн оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду давлат дар доираи шарикии стратегӣ изҳори назар намуданд.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати андешидани тадбирҳои минбаъда дар ростои пешбурди равобиту ҳамкории созандаи ду давлат таъкид намуданд.

Ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкории минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор доир шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво