29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча — мебел” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

546
26 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча — мебел” — ро дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ифтитоҳ карданд.

Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча — мебел” аз тарафи муассисон- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” — и Туркия бунёд шуд.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Саҳмгузорон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” — и Туркия ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошанд.

Масоҳати умумии корхона беш аз 7 ҳазор метри мураббаъ, аз ҷумла, масоҳати биноҳои истеҳсолӣ қариб 3 ҳазор метри мураббаъ мебошад.

Таҷҳизоти технологии замонавии корхонаи нав аз Туркия, Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудаанд. Барои истеҳсоли маҳсулот 80 фоиз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, боқимонда аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Беларус, Туркия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мегарданд.

Истеҳсолот дар ду бахш ба роҳ монда мешавад- дар бахши аввал мебел бо истифодаи профилҳои гуногуни оҳанӣ, верзалит барои муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳо, шифохонаҳо ва дар бахши дуюм, бо истифодаи тахтачӯбҳои гуногун фурнитура ва дигар мебелҳои умумӣ, биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва ғайра сохта мешаванд.

Дар коргоҳи мазкур беш аз 50 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, иқтидори истеҳсолӣ дар 2 бахш пешбинӣ гардидааст.

Номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда — мебелҳо барои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва таълимии махсус, муассисаҳои маишӣ, хонаҳои шахсӣ, муассисаҳои маъмурӣ, корхонаҳо ва дар оянда мебел барои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз зимни як сафари қаблии корӣ ба вилояти Суғд ва боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯст Дадохон Очилов дастур дода буданд, ки ба хотири рушди истеҳсоли маҳсулоти худии ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, ашёи воридотивазкунанда, мизу курсиҳо барои таъмини талаботу эҳтиёҷи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо ворид кардани технологияи муосир коргоҳи нав таъсис диҳад.

Инак барои дар амал татбиқ кардани ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” коргоҳи наву муосир бо ҷалби сармояи хориҷӣ таъсис ёфт.

Дар саҳни ҳавлии корхона аз тарафи ширкат намоиши маҳсулоти мухталифи истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла, дару тирезаҳо, мизу курсиҳо, ҷевон, рахти хоб ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор барпо карда шуд. Зимни шиносоӣ бо дастовардҳои корхона Пешвои миллат ба сифати маҳсулот ва тарҳи онҳо баҳои баланд доданд. Дастур дода шуд, ки барои таъмини талаботу эҳтиёҷоти мардум ба ҷиҳози хона коргоҳҳо, намоишгоҳҳо ва мағозаҳои фурӯши маҳсулоти корхона дар шаҳри Хуҷанд ва пойтахт таъсис дода шаванд.

Аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ба таври маҷмӯӣ коркарди якҷояи матоъ, чӯб, пластмасса ва оҳан ба роҳ монда шуда, аз онҳо мебелҳои хушсифат тайёр карда мешаванд.

Баъди шиносоӣ бо шароити кор ва ҷараёни истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ баҳри дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи иқдомҳои созанда ҳидоят карданд.

Бояд гуфт, ки ифтитоҳи чунин корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои саноатикунонии мамлакат қадами устувору муҳим аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво