28 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

147
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Гурҷистон муҳтарам Саломе Зурабишвили барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар осоишгоҳи Шовии Гурҷистони дӯст боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ин офати табиӣ таъзияву ҳамдардии самимии худро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Гурҷистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво