28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитса

532
21 июн Асосгузури сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитсаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо ба ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем ва Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи ҳамёрони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем”.

Ҷонибҳо аз қабули Стратегияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, ки мақсад аз қабули онҳо татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои стратегӣ мебошад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ин стратегия татбиқи тарҳҳои миллию фаромиллӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, сарҳадот, гуманитарӣ, маориф, фарҳанг ва беҳдошти аҳолӣ татбиқ шуда, муколамаи ҷонибҳо дар мавзуъҳои амнияту субот ва ҳуқуқи инсон тавсеа меёбад.

Ҳамчунин зимни мулоқот масъалаи ҷалби сармояи Иттиҳод ва иштироки фаъоли он дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, дастгирии буҷети Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодӣ дар доираи Барномаи имконияти сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ ва вазъи амният дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз паҳншавии терроризму зуҳуроти экстремизм дар минтақа изҳори нигаронӣ карданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба кумакҳои шарикони рушд, минҷумла Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳадот дар ин самт ниёз дорад. Дар ин ҷода ҳамкории хуби Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо тавассути Барномаи БОМКА махсус таъкид карда шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво