14 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

514
Субҳи рӯзи 20 июн дар Кохи Сомони Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз кард.

Барои иштирок дар ин конференсия сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Афғонистон, беш аз 1500 коршинос аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Ҷараёни кори конференсия мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радио пахш гардида, рафти кори онро шумораи зиёди хабарнигорони дохил ва хориҷ инъикос карданд.

Мавриди зикр аст, ки Даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ ташаббус ва иқдоми чоруми созандаи ҷониби Тоҷикистон мебошад ва аз рӯйи он қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории амиқи кулли кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз қабул шудааст.

Соли 2018 дар айёми таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии ҷумҳурии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 — 2028” расман оғоз гардид.

Қабл аз оғози чорабинии сатҳи баланд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сарони давлатҳову ҳукуматҳо, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳо ва коршиносони байналмилалиро дар даромадгоҳи Кохи Сомон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҳамин ҷо маросими хотиравии аксбардории Сарвари давлат бо роҳбарони ҳайатҳо ва созмонҳову кишварҳои иштирокчии конференсия баргузор шуд.

Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оғоз ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни Конференсия, аз ҷумла, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, намояндагони ҳайатҳои кишварҳои олам ва роҳбарони воломақоми ташкилоту созмонҳои бонуфузи сайёраро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти амалии муассир сурат хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин изҳори итминон карда шуд, ки конфронси имрӯза барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба мавзӯъҳои ҷаласаи дарпешистодаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об муҳокима мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки мо ба пешбурди Даҳсолаи нав бо такя ба таҷрибаи бисёр муфиди дар ҷараёни амалисозии ташаббусҳои қаблии глобалии марбут ба об андӯхташуда шурӯъ менамоем.

Мавриди зикр аст, ки дар ин самт тайи понздаҳ соли ахир Тоҷикистон саъю талошҳои муштаракро дар чаҳорчӯби татбиқи чунин ташаббусҳои глобалӣ, ба монанди “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ҳамаҷониба тақвият бахшид. Ҳамаи ин ибтикорот дар масъалаи дарки амиқи нақши нодири об дар ҳаёти сайёраи мо саҳми арзишманд гузоштанд.

Дар фарҷоми суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки иштирокдорони Конференсия бо истифода аз имконоти имрӯза дар таҳияи тавсияҳои мушаххасу амалӣ ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Даҳсолаи нав саҳми арзандаашонро хоҳанд гузошт.

Дар маросими ифтитоҳи кори Конференсия муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, Раиси Шӯрои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид хонум Мария Чотардова, Раиси ниҳоди «Созмони Милали Муттаҳид — Об», Роҳбари Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ва Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳамоҳангсози ниҳоди назоратии масъалаи озуқаворӣ Герда Верберг суханронӣ карда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва пешсафии он дар баррасии масоили глобалии вобаста ба об баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни кори Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муроҷиати видеоии Мирослав Лайчак — Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид намоиш дода шуд. Дар суханронии худ Раиси маҷмаи умумӣ оид ба оғози татбиқи даҳсолаи нави марбут ба оби тоза бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва ҳадафҳои созанда дар ин самт андешаронӣ намуда, ба иштирокчиёни конференсия барору комёбӣ орзу карданд.

Зимни суханрониҳои иштирокдорони воломақоми конференсия ташаббусҳои арзишманди Тоҷикистон, аз ҷумла, пешниҳоди навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мавриди пуштибонии амиқ қарор гирифт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво