14 апрел 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

189
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро дар доираи шарикии стратегии ду давлат баррасӣ намуданд.

Маҷмӯи масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар ин зимн муҳиммияти таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур таъкид гардид.

Сарвари давлати мо раванди рушди бомароми муносиботи ду кишварро дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мушатарак тазаккур дода, аҳаммияти таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, маориф, муҳоҷират, инчунин ҳамкории байниминтақавиро бахусус таъкид намуданд.

Дар чорчӯби суҳбат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво