17 июн 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

136
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти таълимӣ аз 2 ошёна ва 5 қисм иборат буда, бо 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 196 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93 400 хонанда таҳсил менамояд.

Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ ва ғайра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, проектор ва аёнияти замонавии хониш таъмин буда, барои хонандагон шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Дар синфхонаи компютерӣ 25 компютери тамғаи нав мавҷуд буда, раванди таълим бо истифода аз воситаҳои муосири электронӣ амалӣ мегардад.

Дар муассиса маҳфилҳои ровиëни ҷавон, бозиҳои зеҳнӣ ва суруду мусиқӣ амал мекунанд, ки дар онҳо хонандагон бо завқу шавқи зиëд иштирок менамоянд. Ошхонаи муассиса дорои шароити хуб ва аз 100 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Синфхонаи таълими меҳнати писарона бо асбоби дуредгарӣ ва духтарона бо мошинаҳои дарздӯзию ашë барои пухту паз таъмин гардидааст.

Барои ба машқу тамрин ва ҳар гуна бозиҳои шавқовар машғул шудани хонандагон толори замонавии варзишӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ бунёд намудаанд.

Ғайр аз ин муассиса дорои майдони кушоди варзиш мебошад, ки дар масоҳати 80 метри мураббаъ бунёд карда шудааст. Дар иншооти варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз ва ғайра шароит муҳайё мебошад.

Муассиса бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди идомаи сохтмони мактабҳои миёна” дар деҳаи Файзбахши деҳоти 10 — солагии Истиқлолият дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмониро ширкати “Содот сохтмон” бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз намуда, бо назардошта талаботи соҳаи маориф ва риояи қоидаҳои меъморию сохтмонӣ сифатнок ба анҷом расонидааст.

Дар деҳаи Файзбахш асосан муҳоҷирони дохилии ихтиëрӣ, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат омадаанд, зиндагӣ мекунанд ва ин муассисаи нави таълимӣ бо назардошти дар оянда зиëд шудани аҳолӣ дар деҳаи мазкур бунëд шудааст.

Барои омода намудани кӯдакон ба мактаб маркази инкишофи кӯдак ташкил намудаанд, ки дорои аëнияту бозичаҳои зиëд аст.

Гармӣ дар муассиса тавассути буғхонаи алоҳида таъмин карда мешавад. Таҷҳизоти гармидиҳӣ 2 адад буда, навтарин истеҳсолот мебошад ва бо навбат истифода мегардад. Дар муассиса хати алоҳидаи барқ кашида, трансформатори алоҳида бо иқтидори 160 кВт васлу насб намуда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои бунёди чунин бинои замонавӣ ва муҷаҳҳаз намудани он бо воситаҳои зарурии таълимӣ изҳори сипос намуда, омӯзгоронро ба ҳисси масъулият дар тарбияи наврасону ҷавонон ва истифодаи самарабахши имконияти мавҷуда ҳидоят намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво