29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ дар Боғи Фуронги шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд

40
Шоми рӯзи 18 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи “Фуронг”-и шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар барномаи фарҳангии театрикунонидашуда, маросими оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи Марказӣ-Чин иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар Сарони давлатҳои Осиёи Марказиро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсараш, бонуи аввали Чин хонум Пэн Лиюан гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Пас аз маросими аксбардорӣ ба Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин барномаи рангини фарҳангии театрикунонидашуда ба муносибати оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи Марказӣ-Чин намоиш дода шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво