29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон

615
02.06.2018, ноҳияи Данғара

Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳифзи амнияти озуқавории кишварро дар қатори ҳадафҳои афзалиятноку стратегии худ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош дорад ва ҳамаи захираву имкониятҳоро ба ин самт сафарбар намудааст.

Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда бо азму талоши мардуми кишвар, аз ҷумла заҳматкашони вилояти Хатлон дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бомаром таъмин гардидааст.

Тавре ки ҳар яки шумо хуб медонед, солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлими сайёра таҳдиду таъсири хушксолӣ ва дигар офатҳои вобаста ба гармшавии иқлим ба минтақаву кишварҳои мухталифи ҷаҳон сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.

Аз ҷумла камбориш омадани тирамоҳу зимистони гузашта ба кишвари мо низ таъсири манфӣ расонида, хусусан, зироаткорону чорводоронро ба таври ҷиддӣ ба ташвиш овардааст.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи камборишӣ дар фасли тирамоҳу зимистон дар кишвар нашъунамои зироатҳо дар заминҳои лалмӣ, инчунин, вазъи чарогоҳҳо, хусусан, дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон ташвишовар гардидааст.

Мақсади ҷамъомади имрӯзаи мову шумо низ асосан таҳлилу баррасии ҳолати имрӯзаи соҳаи кишоварзӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 мебошад.

Ҳанӯз соли 2008, яъне даҳ сол пеш дар семинар — машварати ҷумҳуриявӣ, ки дар ноҳияи Данғара баргузор гардида буд, таъкид карда будам, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, бинобар таъсири буҳронҳои иқтисодӣ ва таҳдиду хатарҳои муосир амнияти сиёсиву иқтисодии кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни сайёра ба таври ҷиддӣ халалдор гардидааст ва мо бояд бо дарназардошти чунин вазъ барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, пеш аз ҳама, суботи устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамеша омода бошем.

Ҳамчунин, хотиррасон карда будам, ки вазъи иқтисоди ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳатто мамлакатҳои абарқудрати аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи дунё низ аз таъсири буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ дар канор буда наметавонанд.

Вобаста ба ин, ман дар ибтидои соли 2008 бо мақсади таҳкими ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҷиҳати ба таври васеъ ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи замин, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду-се ҳосил ба сокинони кишвар муроҷиат карда будам.

Мо метавонем танҳо тавассути мунтазам амалӣ кардани як силсила тадбирҳои зарурӣ, пеш аз ҳама, азхудкунии заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову боир, ба роҳ мондани истифодаи самарабахши замин, ба амалияи доимӣ табдил додани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, рушди соҳаи тухмипарварӣ ва дигар тадбирҳои агротехникӣ афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро таъмин карда, сатҳи вобастагии бозори дохилиро аз маводи ғизоии воридотӣ сол ба сол паст гардонем.

Бо мақсади таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии кишвар ва зиёд кардани содироти маҳсулоти кишоварзӣ дурнамои кишти зироатҳо дар хоҷагиҳои деҳқониву ҷамъиятӣ барои соли 2018 тасдиқ карда шуд, ки тибқи он майдони кишти картошка нисбат ба соли гузашта 10 ҳазор гектар, сабзавот 19 ҳазор, пахта 13 ҳазор ва зироатҳои равғандиҳанда 22 ҳазор гектар зиёд пешбинӣ карда шудааст.

Иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои мазкур, бешубҳа, ба суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти ивазкунандаи воридот мусоидат менамояд.

Вале тавре аз таҳлилҳо бармеояд, то ба ҳол имконияту захираҳои бузурги кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара пурра истифода нашуда истодаанд ва иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда дар самти васеъ кардани майдони кишти зироатҳои барвақтиву такрорӣ, беҳтар намудани сифати тухмиҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти парандаву моҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, риояи агротехникаи парвариши зироат ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо дар сатҳи зарурӣ таъмин нагардидааст.

Соли гузашта дар машварати корӣ дар ноҳияи Дангара ба роҳбарони вилоятҳо ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода будам, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои таъмини бозори истеъмолӣ ва ба хориҷи кишвар содирот кардани қисми зиёдатии он, инчунин, ҷиҳати захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия сардхонаву анборҳо бунёд карда шаванд, вале иҷрои корҳо дар ин самт низ то ҳанӯз қаноатбахш нест.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мо имконият дорем дар давоми ду соли оянда дар кишвар истеҳсоли картошкаро 300 ҳазор тонна, сабзавотро 500 ва пахтаро 100 ҳазор тонна зиёд кунем.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба иҷрои ҳатмии барномаҳои қабулшуда дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав, пешгирӣ кардани раванди аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корам, инчунин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ созанд ва доир ба корҳои дар ин самт анҷом додашуда ҳар шаш моҳ ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намоянд.

Парваришу истеҳсоли маҳсулот дар гармхонаҳо яке аз омилҳои муҳимми танзими нархҳои бозори истеъмолӣ дар фасли зимистон ва ташкили ҳазорҳо ҷойи иловагии корӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи маълумот ҳоло дар вилояти Хатлон, яъне вилояте, ки дар ин самт низ имкониятҳои фаровон дорад, дар майдони ҳамагӣ 28 гектар гармхона бунёд карда шудааст, ки тамоман ночиз мебошад.

Илова бар ин, корҳо дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар гармхонаҳо низ беҳбудии ҷиддӣ металабанд.

Бо дарназардошти имкониятҳои воқеӣ ва бо мақсади ба роҳ мондани истифодаи дурусту самараноки замин ва гармхонаҳои мавҷуда Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои иловагӣ андешида, истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва воридоти технологияи ҳозиразамон, инчунин, дар заминҳои партов бунёд намудани гармхонаҳои нав ва тарбияи мутахассисони касбиро таъмин намоянд.

Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар мамлакат ва алалхусус, дар вилояти Хатлон дар доманакӯҳҳо ва талу теппаҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки бо истифода аз онҳо боғу токпарвариро ба яке аз соҳаҳои муҳим табдил дода, барои ташкили ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овардан мумкин аст.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро намудани нишондиҳандаи Барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, ташкили заминаҳои мусоид ва инфрасохтори заруриро барои рушди боғу токпарварӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти меваю сабзавот таъмин намоянд.

То имрӯз аз кишвар 33 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида, афзоиши содироти сабзавот таъмин шудааст. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки содироти меваи хушк хеле коҳиш ёфтааст.

Соли ҷорӣ дар вилоят ҳамагӣ як ҳазору дусад гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шудаанд, лекин ин ҳанӯз хеле кам мебошад.

Хотиррасон менамоям, ки гарчанде дар давоми ҳашт-нуҳ соли охир дар миқёси кишвар қариб 73 ҳазор гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд шудааст, вале содироти мева баръакс, сол ба сол коҳиш ёфта истодааст.

Аз ин рӯ, вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он барои ташкили корхонаҳои коркарди мева чораҳои амалӣ андешида, бунёди инфрасохтори заруриро барои нигоҳдорӣ ва таҳвили мева ба хориҷи кишвар суръат бахшанд.

Ҳамзамон бо ин, истифодаи пурраи имкониятҳои вилоят доир ба содироти сабзавоти тару тоза низ то ба имрӯз таъмин нашуда истодааст.

Тибқи нақша соли ҷорӣ кишоварзони вилоят бояд зиёда аз 350 ҳазор тонна сабзавоти барвақтӣ истеҳсол намоянд, ки он на танҳо барои таъминоти бозори дохилӣ, балки имконияти содиротро ба хориҷи кишвар фароҳам меорад.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии деҳқонон ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои барвақтӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати кишоварзӣ ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ташкили фурӯши сабзавоти барвақтӣ ва мева дар бозорҳои кишвар ва содироти он ба хориҷи мамлакат ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Дар баробари ин, ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳимми афзун намудани иқтидори содиротии кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки дар корхонаҳои мавҷудаи кишвар коркарди ниҳоии нахи пахта, пилла, маҳсулоти чорво ва меваю сабзавотро ҳарчи бештар ба роҳ монда, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолиро таъмин намоянд.

Бо дарназардошти он, ки самаранок истифода нашудани заминҳои корам, хусусан, солҳои охир ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст, бори дигар таъкид менамоям, ки истифодаи оқилонаи обу замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин, азхудкунии заминҳои нав ва бо ҳамин роҳ таъмин гардонидани ҳифзи амнияти озуқавории кишвар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад.

Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро зарур аст, ки ба ҳалли ин масъала эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Бо сабаби камбориш омадани тирамоҳу зимистони гузашта ва ба таври зарурӣ нарӯйидани алафҳои табиӣ дар чарогоҳу мавзеъҳои алафдарав чорводорони вилояти Хатлон ба мушкилоти сахт рӯбарӯ гардида, дар баъзе минтақаҳо талафи чорво ва забҳи он аз ноилоҷӣ ба мушоҳида расид.

Хотирнишон месозам, ки мушкилоти имсолаи чорводорон бояд барои ҳама ва пеш аз ҳама, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулини соҳа сабақ гардад.

Дар робита ба ин, ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, Вазорати кишоварзӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар мақомоти дахлдор таъкид менамоям, ки барои сари вақт пешниҳод намудани ҳисобот доир ба иҷрои бандҳои дахлдори Қарори Ҳукумати мамлакат аз 27-уми апрели соли 2018 масъулияти шахсӣ доранд.

Алалхусус, зарур аст, ки корҳо ҷиҳати амалӣ гардонидани барномаи давлатӣ оид ба беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо ва истифодаи самараноки онҳо, таҳқиқи геоботаникӣ ва мониторинги доимии захираҳои мавҷуда, ташкили харитаи умумии чарогоҳҳо ва ҳаракати чорво, ташкили объектҳои инфрасохтори чарогоҳ, аз ҷумла нуқтаҳои хӯроку обдиҳии чорво таҳти назорати доимӣ қарор дода шаванд.

Инчунин, кишти навъҳои серғизои хӯроки чорво, истифодаи самараноки заминҳои фонди давлатии ҷангал, сари вақт ҷамъоварӣ кардану захира намудани хӯроки дурушти чорво ва дигар корҳои амалӣ барои ҳалли масъалаи мазкур муҳим буда, масъулияти баланди роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулони соҳаи кишоварзиро тақозо менамояд.

Масъалаи бо маҳсулоти босифати гӯшту шири истеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолии кишвар дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, иҷрои он аз амалӣ гардидани тадбирҳои зикршуда вобастагӣ дорад.

Зарур аст, ки дар давраи миёнамуҳлат бо истифодаи тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ба соҳаҳои чорводориву парандапарварӣ таваҷҷуҳи ҳарчи бештар зоҳир намуда, саршумори чорвои хушзоту сермаҳсул зиёд карда шавад.

Тибқи дурнамо дар кишвар майдони кишти зироати хӯроки чорво дар таркиби кишти асосӣ 21 ҳазор ва дар таркиби кишти такрорӣ 27 ҳазор гектар пешбинӣ гардида, инчунин, 43 ҳазор гектар майдони юнучқаи солҳои гузашта мавҷуд мебошад.

Мувофиқи маълумот дар кишвар майдони умумии зироати хӯроки чорво, бо дарназардошти кишти такрорӣ, 91 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 42 ҳазор гектар ё 46 фоиз ба вилояти Хатлон рост меояд.

Таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаи хоҷагиҳои пешқадами мамлакат собит менамояд, ки дар мавриди риояи дурусти технологияи парвариши зироати хӯроки чорво, бахусус, юнучқа ва ҷуворимакка дар шароити кишвари мо ҷамъоварии зиёди хошок имконпазир аст.

Вале бинобар риоя накардани қоидаҳои киштгардон, интихоби нодурусти навъҳои зироат, паст будани сифати тухмӣ, риоя нагардидани агротехникаи парвариши зироатҳо, инчунин, истифода накардан аз дастовардҳои муосири илм ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла зироатҳои хӯроки чорво паст мебошад.

Аз ин рӯ, роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин, олимону мутахассисони соҳаро зарур аст, ки доир ба бартараф намудани камбудиҳои зикршуда тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳар сол чорводорони кишвар давраи зимистонро асосан дар чарогоҳҳои ноҳияҳои Данғара, Шаҳритус, Қубодиён, Вахш, Панҷ ва Фархори вилояти Хатлон мегузарониданд.

Бо сабабҳои маълум, соли ҷорӣ дар аксари ин мавзеъҳо алафҳои табиӣ хушк шуд ва зимистонгузаронии чорво дар ин ноҳияҳо бе захираи ҳаҷми зарурии хӯрока ғайриимкон мебошад.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати захираи хӯрок ва беталаф баровардани чорво аз давраи зимистонгузаронӣ ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ташкил карда шаванд.

Вазифаи муҳимми ситодҳо дар баробари пурзӯр кардани корҳои назоратӣ дар ин самт ва бо дарназардошти он, ки зимистони дарпешистода сарду тӯлонӣ пешгӯӣ мешавад, таъмин намудани захираи зарурии хӯроки чорво ҳам дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ ва ҳам аз тарафи аҳолӣ, солиму беталаф баровардани чорво аз фасли зимистон ва афзоиши маҳсулоти чорво мебошад.

Дар баробари ин, ҳар сол шумораи зиёди чорво аз минтақаҳои мухталиф ба чарогоҳҳои мавсимӣ интиқол дода мешавад, ки дар натиҷа чорво заиф гардида, дар бисёр мавридҳо ба заминҳои кишти ноҳияҳои алоҳида зиён мерасонад.

Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад аст, ки масъалаи харидорӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашуда ҷиҳати сари вақт ва дар фурсати начандон зиёд интиқол додани чорво мавриди баррасии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар қарор дода шавад.

Бо дарназардошти вазъияти имсола ҳамчунин, зарур аст, ки дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ ва ҳам дар хоҷагиҳои аҳолӣ забҳи чорвои наслдеҳ як-ду сол то ҳадди имкон маҳдуд, яъне кам карда шавад.

Ҳозирини муҳтарам!

Бояд таъкид намуд, ки дар муҳлатҳои хуби агротехникӣ анҷом додани кишти зироатҳо бе истифодаи васеи техникаи кишоварзӣ ғайриимкон аст.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тавассути Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” дар 20 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон марказҳои хизматрасонии техникӣ ташкил карда шудаанд, ки онҳо мунтазам аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва гардиши лизинг бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ таъмин карда мешаванд.

Танҳо дар ду соли охир 3 ҳазор техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла 446 трактор, 58 комбайни ғалладарав ва зиёда аз 400 техникаи алафдаравӣ ворид карда шудааст.

Дар баробари ин, дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон барномаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” ба маблағи умумии беш аз 320 миллион сомонӣ (39 миллион доллари амрикоӣ) амалӣ шуда истодааст, ки тавассути он дар се соли охир зиёда аз 2000 трактору мошинолоти кишоварзӣ ворид карда шудааст.

Бо вуҷуди ин, то ҳанӯз масъалаи норасоии техникаи кишоварзӣ ба таври зарурӣ ҳал нашудааст.

Бинобар ин, ба роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки доир ба ташкил кардани марказҳои хизматрасонии техникӣ ва пуррагардонии онҳо бо техникаву мошинолоти зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бо дарназардошти масъалаҳои зикршуда ва иҷрои саривақтии нақшаву барномаҳои давлатӣ зарур аст, ки сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили имсола ва гузаронидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ тезонида шавад.

Ҳамзамон бо ин, бори дигар таъкид менамоям, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, ҳарчи бештар захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ, бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат ва ноил шудан ба ҳадафи стратегии давлатамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ масъулияти баланд ва ташаббускории роҳбарону мутахассисони мақомоти дахлдорро тақозо менамояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Вилояти Хатлон аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ, майдони заминҳои кишт ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ вилояти калонтарини мамлакат ба ҳисоб рафта, нақши он дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар бузург мебошад.

Илова бар ин, дар гузаштаи начандон дур дар вилоят корхонаҳои азими саноатӣ, хоҷагиву маҷмааҳои калони чорводорӣ фаъолият мекарданд ва минтақа истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти кишоварзиву чорводорӣ ва меваю сабзавот ба ҳисоб мерафт.

Бояд гуфт, ки ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмӯи маҳсулоти саноативу кишоварзии мамлакат имрӯз низ зиёд аст.

Вобаста ба хусусиятҳои хоси иқтисодӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд бо истифода аз захираву имкониятҳо доир ба рушди соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ ва тақвияти иқтидори содиротии вилоят тадбирҳои муассир андешанд.

Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки ҳамкориро дар самти иҷрои вазифаҳои дар машварати имрӯза гузошташуда ва ислоҳи камбудиву мушкилоти зикргардида вусъат бахшида, рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоятро таъмин намоянд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки дар самти баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин, ҳосилнокии зироатҳо ва аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, ҳарчи бештар зиёд кардани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиш додани ҳаҷми содироти он ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Хотирнишон менамоям, ки таъмин намудани иҷрои барномаҳои мазкур на танҳо маблағҳои буҷети давлатӣ, балки масъулияти баланди роҳбарону мутахассисон ва қобилияти ташкилотчигии онҳо, инчунин, ҳавасмандгардонии сармоягузории хусусиро тақозо мекунад.

Итминон дорам, ки роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, масъулону мутахассисон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва чорводориву парандапарварӣ, хулоса кулли мардуми сарбаланду заҳматқарини вилояти Хатлон минбаъд низ ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровон, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии дастурхони сокинони мамлакат саҳми арзандаи хешро дареғ намедоранд.

Саломат бошед!




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво