27 феврал 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Номаи изҳори тасаллӣ аз Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

113
Номаи изҳори тасаллӣ аз Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонДар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Хабари талафот ва захмӣ гардидани одамон, ҳамчунин харобиҳои зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари фаромадани тарма боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар ин лаҳзаи душвор хоҳишмандам аз номи Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва ҳамчунин шахсан аз номи худам суханони ҳамдардӣ ва дастгирии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамзамон таманниёти шифои оҷилро ба осебдидагон бирасонед».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво