6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд

196
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,

Шуморо ба муносибати пирӯзии қатъӣ дар интихоботи президентӣ самимона шодбош мегӯям. Ба ин муносибат самимонатарин ва беҳтарин таманниёти маро қабул фармоед.

Бори дигар ба маснади олии давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардиданатон далели равшани нуфузи баланди сиёсии Шумо ва дастгирии мардум аз роҳи пешгирифтаатон, ки ба рушди афзоишёбандаи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст, мебошад.

Бовар дорам, ки дар давраи ояндаи роҳбарии Шумо Қазоқистони бародар дар ин роҳ ба қуллаҳои нав мерасад.

Мо талошҳои пайвастаи Шуморо барои ҳамаҷониба тавсеа ва таъмиқ бахшидани муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон баланд арзёбӣ менамоем.

Итминон дорам, ки бо амалҳои муштарак мо минбаъд низ ҳамкории созандаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистонро пеш бурда, онро бо намунаҳои нави амалии мутобиқ ба манфиатҳои бунёдии халқҳоямон ғанӣ мегардонем.

Ба Шумо аз самими қалб саломатии бардавом, саодатмандӣ ва фаъолияти самараноки минбаъдаи давлатӣ ба нафъи рушди устувори кишваратон ва ба мардуми бародари Қазоқистон сулҳу субот ва шукуфоии устувор таманно дорам».




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво